Хуруҷи мавҷҳои эътирозӣ дар кишварҳои аврупоӣ дар пасманзари буҳрони газӣ

© AFP 2023 / LOUISA GOULIAMAKIМужчина с немецким флагом
Мужчина с немецким флагом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2022
Обуна шудан
Даҳҳо ҳазор шаҳрванди кишварҳои аврупоӣ бо нишони эътироз алайҳи сиёсати иқтисодии ҳукуматашон, ки мунҷар ба буҳрони энергетикӣ шудааст, ба кӯчаҳо рехтанд
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар Олмон эътирозҳо алайҳи интиқоли силоҳ ба Украина ва ҷонибдорӣ аз интиқоли гази Русия баргузор шуданд.
Раҳпаймоии шаҳрвандони норозӣ аз калисои Кёлн оғоз ёфта, густурда гардид, навиштаанд расонаҳо. Тазоҳургарон аз ҳукумат лағви таҳримҳо алайҳи Федератсияи Русия ва ба истифода додани лӯлаи гази "Маҷрои Шимоли 2"-ро талаб карданд.
Мушкили энергетикӣ, аз ҷумла дар бахши газ, ки дар арафаи фасли сармо Аврупоро фаро гирифтааст, боиси эътирозҳо шудааст. Аз ҷумла буҳрони энергетикӣ дар Прага бӯҳрони оммавӣ ба амал овард.
Эътирозгарон истеъфои ҳукумат, таъмини интиқоли газ бо нархи арзон, пеш аз ҳама аз Русия, тағйир додани низоми пардохти нерӯи барқ, эълони бетарафӣ аз ҷониби кишварро талаб кардаанд.
Газокомпрессорная станция Gascade в Айслебене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
"The Telegraph": Саноати Олмон бидуни гази Русия фалаҷ хоҳад шуд
Ҳамчунин ҷамъомадагон озод шудан аз тобеияти мустақими сиёсӣ ба Иттиҳодияи Аврупо, СҶБ ва СММ-ро талаб карданд, менависад České noviny. Ба гуфтаи пулис, дар ин иқдом ҳудуди 70 ҳазор нафар ширкат кардаанд.
Ин нигаронию эътирозҳо дар ҳолест, ки бисёре аз аврупоиҳои бегазмонда зимистонро дар Туркия гузаронданиянд, гуфт мушовири президенти Туркия Йигит Булут.
Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи як миллион шаҳрванди кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо меравад. Меҳмонхонаҳо дар Истанбул, Измир, Анталия ва бисёр вилоятҳои дигар пур хоҳанд шуд, аврупоиҳо аллакай дар хариду иҷораи манзил дастбакор шудаанд, афзудааст ӯ.
Лентаи хабарҳо
0