Афзоиши қурби сомонӣ дар баробари рубл, евро ва доллар

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Обуна шудан
Ҳафтаи ҷадид дар Тоҷикистон аз поинравии қурби асъори хориҷӣ оғоз гардида, арзиши пули миллӣ дар ҷумҳурӣ дар нисбати асъор боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Қурби расмии рубли Русия дар Тоҷикистон ба 0.1655 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбати охири ҳафтаи гузашта камтар мебошад. Рубл ҳафтаи пешро дар Тоҷикистон бо нишондоди 0,166 сомонӣ ҷамъбаст намуда буд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин қурби 1 доллари ИМА-ро 10.2456 сомонӣ ва 1 евроро 10.2476 сомонӣ муқаррар намудааст, ки нисбати нишондоди охири ҳафтаи гузашта поинтар мебошад.
Манбаъ дар мавриди харидуфурӯши асъори нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ба ҳисоби миёна феълан 1 доллар аз 10.2456 то 10.1500 сомонӣ, 1 евро аз 10.2476 то 10.1800 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1655 то 0.1680 сомонӣ арзиш доранд.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Кремл гуфт, доллар мавқеашро ҳамчун асъори захиравӣ аз даст дод
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Раванди устуворшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Икром, раиси "Амонатбонк" гуфт, таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳолӣ ба сомонӣ бештар шудааст.
"Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки ин бонк танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 2,5 млрд сомонӣ ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд, афзуданд масъулини "Амонатбонк".
Лентаи хабарҳо
0