https://sputnik.tj/20220904/tojikiston-diktanti-ghalaba-1051151385.html
Дар Тоҷикистон ҳам "Диктанти ғалаба" навиштанд: ғолибро чӣ интизор аст?
Дар Тоҷикистон ҳам "Диктанти ғалаба" навиштанд: ғолибро чӣ интизор аст?
Sputnik Тоҷикистон
Садҳо нафар дар Тоҷикистон, аз сокинони мулкӣ то низомиёни Русия дар мавзӯи воқеоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ "Диктанти Ғалаба" навиштанд
2022-09-04T18:50+0500
2022-09-04T18:50+0500
2022-09-05T18:40+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
диктанти умумӣ
ғалаба
ҷбв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/23/1028852383_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_79caaa52934d6f33ede8965639f4c343.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Зиёда аз 200 нафар дар Тоҷикистон донишашонро дар "Диктанти ғалаба" санҷиданд. Ба иттилои баргузоркунандагон, аз ҷумла низомиёни Русия дар Тоҷикистон ва аъзои оилаашон дониши худро дар ин бахш санҷиданд. Дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар ин чорабинии маърифатӣ, ҳарбиёни пойгоҳи 201-ум, қисми низомии 52168 ё худ Маҷмааи "Окно" ва аъзои оилаашон иштирок доштанд. Ба иштирокдоро, суолҳо дар мавриди ҶБВ дода шудаст. "Чорабинӣ дар маконҳои гуногун, аз ҷумла дар хонаҳои рус дар Душанбе ва Хуҷанд, инчунин маркази фарҳангию маърифатии Русия - "Эҷодиёт" дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид", - омадааст дар иттилоия. Натиҷаи диктант моҳи октябр ҷамъбаст мешавад. Ғолибон соли оянда ба гузашти низомии 9 май дар Майдони сурх даъватнома мегиранд. Илова бар ин, ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо барои довталабони иштироккарда холҳои иловагӣ илова карда мешаванд.Диктанти ғалаба, ки дар мавзӯи ҶБВ ҳамасола навишта мешавад, соли равон дар ҳудуди 45 давлати дунё бо иштироки қариб 19 ҳазор нафар баргузор шудаст. Ин чорабинӣ ҳамасола 3 сентябр дар рӯзи анҷоми расмии ҷанги дуюми ҷаҳон навишта мешавад. Ёвари раисҷумҳури Русия, Владимир Мединский изҳори умед кардааст, ки сол ба сол иштирокдорони чорабинии мазкур бештар мешаванд. Ӯ ин корро махсусан дар шароити таҳрифи воқеоти таърихӣ муҳим хондаст.
https://sputnik.tj/20220508/tajlil-ghalaba-sughd-ahmadzoda-qahramoni-1048293480.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/23/1028852383_92:0:2763:2003_1920x0_80_0_0_f595fe5c1bad3c5debf4c237d8c3adee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
диктант, ғалаба, тоҷикистон, навишта
диктант, ғалаба, тоҷикистон, навишта
Дар Тоҷикистон ҳам "Диктанти ғалаба" навиштанд: ғолибро чӣ интизор аст?
18:50 04.09.2022 (Навсозишуда: 18:40 05.09.2022) Садҳо нафар дар Тоҷикистон, аз сокинони мулкӣ то низомиёни Русия дар мавзуи воқеоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ "Диктанти ғалаба" навиштанд
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Зиёда аз 200 нафар дар Тоҷикистон донишашонро дар "Диктанти ғалаба" санҷиданд. Ба иттилои баргузоркунандагон, аз ҷумла низомиёни Русия дар Тоҷикистон ва аъзои оилаашон дониши худро дар ин бахш санҷиданд.
Дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар ин чорабинии маърифатӣ, ҳарбиёни пойгоҳи 201-ум, қисми низомии 52168 ё худ Маҷмааи "Окно" ва аъзои оилаашон иштирок доштанд. Ба иштирокдоро, суолҳо дар мавриди ҶБВ дода шудаст.
"Чорабинӣ дар маконҳои гуногун, аз ҷумла дар хонаҳои рус дар Душанбе ва Хуҷанд, инчунин маркази фарҳангию маърифатии Русия - "Эҷодиёт" дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид", - омадааст дар иттилоия.
Натиҷаи диктант моҳи октябр ҷамъбаст мешавад. Ғолибон соли оянда ба гузашти низомии 9 май дар Майдони сурх даъватнома мегиранд. Илова бар ин, ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо барои довталабони иштироккарда холҳои иловагӣ илова карда мешаванд.
Диктанти ғалаба, ки дар мавзӯи ҶБВ ҳамасола навишта мешавад, соли равон дар ҳудуди 45 давлати дунё бо иштироки қариб 19 ҳазор нафар баргузор шудаст. Ин чорабинӣ ҳамасола 3 сентябр дар рӯзи анҷоми расмии ҷанги дуюми ҷаҳон навишта мешавад.
Ёвари раисҷумҳури Русия, Владимир Мединский изҳори умед кардааст, ки сол ба сол иштирокдорони чорабинии мазкур бештар мешаванд. Ӯ ин корро махсусан дар шароити таҳрифи воқеоти таърихӣ муҳим хондаст.