https://sputnik.tj/20220904/qodirov-donbass-hamla-1051150343.html
Қодиров: Дар Донбасс ҳамлаи густурда оғоз шуд
Қодиров: Дар Донбасс ҳамлаи густурда оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Чеченистон аз оғози амалиёти густурдаи воҳиди таъйиноти махсуси "Ахмат" ва корпуси дуюми Ҷумҳурии Халқии Луганск хабар дод
2022-09-04T17:42+0500
2022-09-04T17:42+0500
2022-09-05T18:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
донбасс
рамазон қодиров
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/15/1031607532_95:261:1148:853_1920x0_80_0_0_e79bc2e0117ef27c27711589317035bd.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ҳамлаи густурда дар самти Соледар, Яковлевка ва Северск оғоз шуд, хабар дод Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон дар саҳифааш дар "Telegram". Вай таъкид намуд, ки танаффуси тактикӣ самаранокии пурраашро нишон дод. "Танҳо тоза кардани 60 км дигар аз боқимондаҳои миллатгаро зарур аст", - изҳор дошт раҳбари Чеченистон. Вай гуфт, фармондеҳи "Ахмат", дар ҷои амалиёт қарор дорад ва гузориш дода истодааст, ки ҷониби ҳариф талафоти зиёд миёни нерӯи зинда ва техника дода истодааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, нисбатан заиф шудани амалиёти ҳамлаӣ дар Донбассро тасмими огоҳона гуфт, ки ҳадафи он ҳифзи ҳаёти сокинони мулкӣ мебошад. "Дар ҷараёни амалиёти вижа мо меъёрҳои башардӯстонаро қатъӣ риоя мекунем. Зарбаҳо бо силоҳҳои дақиқ ба инфрасохтори низомии нерӯҳои Украина - посгоҳҳои фармондеҳӣ, фурудгоҳҳо, анборҳо, истеҳкомҳои низомӣ зада мешавад" - гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220904/maqomot-otash-kherson-payvastshavi-rusiya-1051148803.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/15/1031607532_188:232:1016:853_1920x0_80_0_0_0870400b1fb80c95fc0a25c27bc6a44b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғоз, ҳамла, густурда, донбасс
оғоз, ҳамла, густурда, донбасс
Қодиров: Дар Донбасс ҳамлаи густурда оғоз шуд
17:42 04.09.2022 (Навсозишуда: 18:41 05.09.2022) Раисҷумҳури Чеченистон аз оғози амалиёти густурдаи воҳиди таъйиноти махсуси "Ахмат" ва сипоҳи дуюми Ҷумҳурии Халқии Луганск хабар дод
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ҳамлаи густурда дар самти Соледар, Яковлевка ва Северск оғоз шуд, хабар дод Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон дар саҳифааш дар "Telegram".
"Маълумоти фаврӣ: Дар Ҷумҳурии Халқии Донетск нерӯҳои вижаи "Ахмат" ва корпуси дуюми ҶХЛ ҳамлаи густурдаро дар бархе аз ноҳияҳо оғоз карданд. Низомиёни мо фаъолона ба самти Соледар, Яковлевка ва Северск пеш рафта истодаанд", - гуфт Қодиров.
Вай таъкид намуд, ки танаффуси тактикӣ самаранокии пурраашро нишон дод.
"Танҳо тоза кардани 60 км дигар аз боқимондаҳои миллатгаро зарур аст", - изҳор дошт раҳбари Чеченистон.
Вай гуфт, фармондеҳи "Ахмат", дар ҷои амалиёт қарор дорад ва гузориш дода истодааст, ки ҷониби ҳариф талафоти зиёд миёни нерӯи зинда ва техника дода истодааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, нисбатан заиф шудани амалиёти ҳамлаӣ дар Донбассро тасмими огоҳона гуфт, ки ҳадафи он ҳифзи ҳаёти сокинони мулкӣ мебошад.
"Дар ҷараёни амалиёти вижа мо меъёрҳои башардӯстонаро қатъӣ риоя мекунем. Зарбаҳо бо силоҳҳои дақиқ ба инфрасохтори низомии нерӯҳои Украина - посгоҳҳои фармондеҳӣ, фурудгоҳҳо, анборҳо, истеҳкомҳои низомӣ зада мешавад" - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.