https://sputnik.tj/20220904/maqomot-otash-kherson-payvastshavi-rusiya-1051148803.html
Мақомот: Оташкушоиҳо хоҳиши херсониҳо барои пайвастшавӣ ба Русияро бештар кардаанд
Мақомот: Оташкушоиҳо хоҳиши херсониҳо барои пайвастшавӣ ба Русияро бештар кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Сарфи назар аз оташкушоиҳо аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Украина ба инфрасохтори мулкии вилояти Херсон раъйпурсӣ баргузор карда мешавад
2022-09-04T15:20+0500
2022-09-04T15:20+0500
2022-09-05T18:44+0500
дар ҷаҳон
украина
амалиёт
низомӣ
херсон
раъйпурсӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1048995780_0:0:3413:1919_1920x0_80_0_0_83189d7224e58e68004dc6b2303fb0a9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тирборони пайвастаи Херсон аз ҷониби нерӯҳои украинӣ танҳо хоҳиши сокинонро барои ширкат дар раъйпурсӣ бештар мекунад, изҳор дошт муовини маъмурияти вилоят Кирилл Стремоусов дар суҳбат бо хабаргузории РИА "Новости". "Ба раъйпурсӣ омодагӣ ҷараён дорад, ба ҳар ҳол он мегузарад, ҳеҷ чиз ба он халал намерасонад. Мо борҳо гуфта будем, ки миллатгароён ба Херсон намедароянд. Баъди тирборон, мардум боз ҳам бештар талаб мекунанд, ки раъйпурсӣ баргузор шавад", - таъкид намудаст ӯ. Ба гуфтаи Стремоусов, оташкушоиҳо танҳо хоҳиши мардумро барои рафтан ба раъйпурсӣ зиёд мекунад, онҳо пайваста ба маъмурият менависанду талаб мекунанд, ки дар ин самт коре зудтар анҷом дода шавад. Ин дар ҳолест, ки масъулини минтақа баргузории раъйпурсии мулҳақ шудани вилояти Херсон ба Русияро имкони хубе барои раҳоӣ аз шароите, ки тайи даҳсолаҳои охир дар минтақа ҳукмфармост, арзёбӣ мекунанд. Екатерина Губарева, ноиби раиси вилояти Херсон, қаблан гуфт, Комиссияи интихоботӣ барои баргузории раъйпурсӣ дар мавриди мансубияти қаламрави Херсон ташкил карда шуд. "Садҳо ҳазор сокини Херсон метавонанд мавқеашонро баён намоянду натиҷа бинанд. Хуб аст вақте шаҳрвандон аз пайвастшавӣ ба Русия ҳимоят мекунанд", - навишт ӯ саҳифааш дар "Telegram". Маврид ба зикр аст, ки дар доираи амалиёти низомии Русия дар Украина, вилояти Херсон ва қисмати назди баҳри Азови вилояти Запорож зери назорат гирифта шуд. Дар ин минтақаҳо раёсатҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Ба ҳамин васила Украина аз баҳри Азов* канда шуд.Андрей Турчак, котиби Шӯрои кулли ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" қаблан гуфт, Русия ба ин минтақа барои ҳамеша омад ва мақоми онро сокинонаш муайян хоҳад кард.- дар Русия созмони террористӣ эътироф шудааст.
https://sputnik.tj/20220903/1051134550.html
украина
херсон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1048995780_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a7c533da559e4c3851d122ce8809fdb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъсир, оташкушоӣ, хоҳиш, раъйпурсӣ, херсон
таъсир, оташкушоӣ, хоҳиш, раъйпурсӣ, херсон
Мақомот: Оташкушоиҳо хоҳиши херсониҳо барои пайвастшавӣ ба Русияро бештар кардаанд
15:20 04.09.2022 (Навсозишуда: 18:44 05.09.2022) Сарфи назар аз оташкушоиҳо аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Украина ба инфрасохтори мулкии вилояти Херсон раъйпурсӣ баргузор карда мешавад
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тирборони пайвастаи Херсон аз ҷониби нерӯҳои украинӣ танҳо хоҳиши сокинонро барои ширкат дар раъйпурсӣ бештар мекунад, изҳор дошт муовини маъмурияти вилоят Кирилл Стремоусов дар суҳбат бо хабаргузории РИА "Новости".
"Ба раъйпурсӣ омодагӣ ҷараён дорад, ба ҳар ҳол он мегузарад, ҳеҷ чиз ба он халал намерасонад. Мо борҳо гуфта будем, ки миллатгароён ба Херсон намедароянд. Баъди тирборон, мардум боз ҳам бештар талаб мекунанд, ки раъйпурсӣ баргузор шавад", - таъкид намудаст ӯ.
Ба гуфтаи Стремоусов, оташкушоиҳо танҳо хоҳиши мардумро барои рафтан ба раъйпурсӣ зиёд мекунад, онҳо пайваста ба маъмурият менависанду талаб мекунанд, ки дар ин самт коре зудтар анҷом дода шавад.
Ин дар ҳолест, ки масъулини минтақа баргузории раъйпурсии мулҳақ шудани вилояти Херсон ба Русияро имкони хубе барои раҳоӣ аз шароите, ки тайи даҳсолаҳои охир дар минтақа ҳукмфармост, арзёбӣ мекунанд.
Екатерина Губарева, ноиби раиси вилояти Херсон, қаблан гуфт, Комиссияи интихоботӣ барои баргузории раъйпурсӣ дар мавриди мансубияти қаламрави Херсон ташкил карда шуд.
"Садҳо ҳазор сокини Херсон метавонанд мавқеашонро баён намоянду натиҷа бинанд. Хуб аст вақте шаҳрвандон аз пайвастшавӣ ба Русия ҳимоят мекунанд", - навишт ӯ саҳифааш дар "Telegram".
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи амалиёти низомии Русия дар Украина, вилояти Херсон ва қисмати назди баҳри Азови вилояти Запорож зери назорат гирифта шуд. Дар ин минтақаҳо раёсатҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Ба ҳамин васила Украина аз баҳри Азов* канда шуд.
Андрей Турчак, котиби Шӯрои кулли ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" қаблан гуфт, Русия ба ин минтақа барои ҳамеша омад ва мақоми онро сокинонаш муайян хоҳад кард.
- дар Русия созмони террористӣ эътироф шудааст.