https://sputnik.tj/20220904/omuzishi-ilm-televizion-tojikiston-1051146744.html
Таҳкими илмомӯзӣ аз ТВ дар Тоҷикистон: нақшаҳои кадри навтаъйини ҳукумат
Таҳкими илмомӯзӣ аз ТВ дар Тоҷикистон: нақшаҳои кадри навтаъйини ҳукумат
Sputnik Тоҷикистон
Мудири навтаъйини телевизиони "Илм ва табиат" азм дорад, бо ҷалби мутахассисони варзида омӯзиши илмҳои дақиқро бештар роҳандозӣ кунад
2022-09-04T12:34+0500
2022-09-04T12:34+0500
2022-09-05T18:46+0500
дар тоҷикистон
илм ва фанноварӣ
табиат
телевизион
пахш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/17/1030021749_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_2dc6fad626c480b794ccbba121ff11a8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Саймукаррам Шарифзода, мудири навтаъйини телевизиони "Илм ва табиат" нақшаҳояшро дар мавриди роҳандозии кори шабака баён дошт. Роҳбари нав дар суҳбат бо "Ховар" гуфтааст, бо кормандони шабака кӯшиш ба харҷ медиҳад, то таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ зиёд гардад. Вай афзудааст, ки инчунин сари таҳияи як қатор барномаҳои нав бо номҳои шартии "Илм ва технология", "Об рушди устувор", "Ворисони илм", "Рисолаи мусиқӣ", "Суоли илмӣ", "Сайёд", "Чароғи ақл", "Як рӯзи…", "Иқлим", "Сарват", "Гиёҳнома" кор карда истодаанд ва ин 80%-и корҳоро анҷом додаанд. "Дар барномаҳои нав дар бораи дастовардҳои илми ватаниву ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионии олимони дохиливу хориҷӣ суҳбат мекунем", - тавзеҳ дод Шарифзода. Маврид ба зикр аст, ки телевизиони "Илм ва табиат" аз 1 сентябри соли 2022 дар саросари Тоҷикистон тавассути моҳвора тӯли 16 соат пахш мегардад. Шарифзода нимаи дуюми август бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мақоми мудири ин шабакаи телевизион Зинатуллоҳ Исмоилзодаро иваз кард. "Илм ва табиат" дар доираи эълон гардидани Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфта, 14 декабри соли 2021 дар Рӯзи илми тоҷик ба пахши барномаҳо шурӯъ кард
https://sputnik.tj/20220817/zinatulloh-ismoilzoda-vazifa-televizioni-ilm-tabiat-barkanor-1050777777.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/17/1030021749_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_dbaf4315d2c5219342a2ec07f786ee83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таълим, таҳким, тв,
Таҳкими илмомӯзӣ аз ТВ дар Тоҷикистон: нақшаҳои кадри навтаъйини ҳукумат
12:34 04.09.2022 (Навсозишуда: 18:46 05.09.2022) Мудири навтаъйини телевизиони "Илм ва табиат" азм дорад, бо ҷалби мутахассисони варзида омӯзиши илмҳои дақиқро бештар роҳандозӣ кунад
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Саймукаррам Шарифзода, мудири навтаъйини телевизиони "Илм ва табиат" нақшаҳояшро дар мавриди роҳандозии кори шабака баён дошт.
Роҳбари нав дар суҳбат бо "Ховар" гуфтааст, бо кормандони шабака кӯшиш ба харҷ медиҳад, то таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ зиёд гардад.
"Барои ин нақша дорем, бо истифода аз имкониятҳои телевизион ва ҷалби мутахассисони варзида ва коршиносони соҳа омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монем", - таъкид кардаст Шарифзода.
Вай афзудааст, ки инчунин сари таҳияи як қатор барномаҳои нав бо номҳои шартии "Илм ва технология", "Об рушди устувор", "Ворисони илм", "Рисолаи мусиқӣ", "Суоли илмӣ", "Сайёд", "Чароғи ақл", "Як рӯзи…", "Иқлим", "Сарват", "Гиёҳнома" кор карда истодаанд ва ин 80%-и корҳоро анҷом додаанд.
"Дар барномаҳои нав дар бораи дастовардҳои илми ватаниву ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионии олимони дохиливу хориҷӣ суҳбат мекунем", - тавзеҳ дод Шарифзода.
Маврид ба зикр аст, ки телевизиони "Илм ва табиат" аз 1 сентябри соли 2022 дар саросари Тоҷикистон тавассути моҳвора тӯли 16 соат пахш мегардад. Шарифзода нимаи дуюми август бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мақоми мудири ин шабакаи телевизион Зинатуллоҳ Исмоилзодаро иваз кард.
"Илм ва табиат" дар доираи эълон гардидани Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфта, 14 декабри соли 2021 дар Рӯзи илми тоҷик ба пахши барномаҳо шурӯъ кард