https://sputnik.tj/20220817/zinatulloh-ismoilzoda-vazifa-televizioni-ilm-tabiat-barkanor-1050777777.html
Зинатуллоҳ Исмоилзода аз вазифаи мудири телевизиони “Илм ва табиат” барканор шуд
Зинатуллоҳ Исмоилзода аз вазифаи мудири телевизиони “Илм ва табиат” барканор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Зинаттулоҳ Исмоилзода, ки дар вазифаи мудири Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” ифои вазифа мекард, бо қарори раисҷумҳур аз вазифааш барканор шуд
2022-08-17T17:00+0500
2022-08-17T17:00+0500
2022-08-17T20:01+0500
дар тоҷикистон
зинатулло исмоилзода
барканор
қарор
эмомалӣ раҳмон
тағйироти кадрӣ
телевизион
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103086/14/1030861462_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_acd4cc475fdde7389b8fb1a22041b10d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ, ҳамчунин дар телевизиони “Тоҷикистон” ва телевизиони “Илм ва табиат” тағйироти кадрӣ анҷом дод.Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикстон, бо қарори роҳбари кишвар Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон аз вазифаи ишғолнамудаи худ канор монд.Дар ҳамин ҳол, бо қарори кишвардори Тоҷикистон, Шарифзода Саймукарам Ислом директори Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” таъин карда шуд.Ёдовар мешавем, ки Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси иттифоқи журанлистони Тоҷикистон мебошад, дар гузшта ба ҳайси роҳбар Академияи ВАО Тоҷикистон, ва мудири телевизиони “Илм ва табиат” кор кардааст.Ҳамзамон дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон, бо фармоиши Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон Самандар Искандарзода ба вазифаи директори шабакаи телевизиони “Тоҷикистон” таъйин гардид.Самандар Искандарзода дар ин вазифа Раҳматулло Хайруллозодаро иваз кард, ки соли 2020 директори шабакаи аввали телевизиони кишвар таъйин шуда буд.Самандар Искандарзода аз соли 2009 дар шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" кор намудааст. Дар Идораи барномаҳои иттилоотӣ муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон ва муовини сармуҳаррир буд.Самандар Искандарзода то таъйин шуданаш ба вазифаи директори шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" тайи ду соли охир дар вазифаи мушовири калони Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон кор мекард.
https://sputnik.tj/20220817/taghyirot-kadri-joyguzini-nuraliev-bonki-milli-1050775049.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103086/14/1030861462_16:0:2683:2000_1920x0_80_0_0_2bf897b691116fb181296a70ba3c2310.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тағйирот, кадрӣ, зинатуллоҳ исмоилзода, барканор, телевизион
тоҷикистон, тағйирот, кадрӣ, зинатуллоҳ исмоилзода, барканор, телевизион
Зинатуллоҳ Исмоилзода аз вазифаи мудири телевизиони “Илм ва табиат” барканор шуд
17:00 17.08.2022 (Навсозишуда: 20:01 17.08.2022) Зинатуллоҳ Исмоилзода, ки ба унвони мудири Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” фаъолият мекард, бо қарори раисҷумҳур аз вазифааш барканор шуд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ, ҳамчунин дар телевизиони “Тоҷикистон” ва телевизиони “Илм ва табиат” тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикстон, бо қарори роҳбари кишвар Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон аз вазифаи ишғолнамудаи худ канор монд.
"Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазифаи мудири Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” озод карда шуд, - таъйид мешавад дар матни қарори Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол, бо қарори кишвардори Тоҷикистон, Шарифзода Саймукарам Ислом директори Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” таъин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси иттифоқи журанлистони Тоҷикистон мебошад, дар гузшта ба ҳайси роҳбар Академияи ВАО Тоҷикистон, ва мудири телевизиони “Илм ва табиат” кор кардааст.
Ҳамзамон дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон, бо фармоиши Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон Самандар Искандарзода ба вазифаи директори шабакаи телевизиони “Тоҷикистон” таъйин гардид.
Самандар Искандарзода дар ин вазифа Раҳматулло Хайруллозодаро иваз кард, ки соли 2020 директори шабакаи аввали телевизиони кишвар таъйин шуда буд.
Самандар Искандарзода аз соли 2009 дар шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" кор намудааст. Дар Идораи барномаҳои иттилоотӣ муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон ва муовини сармуҳаррир буд.
Самандар Искандарзода то таъйин шуданаш ба вазифаи директори шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" тайи ду соли охир дар вазифаи мушовири калони Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон кор мекард.