https://sputnik.tj/20220903/hushdor-vazorat-tojikistoniyon-safar-khorij-1051143838.html
Ҳушдор: Вазорат гуфт, тоҷикистониён зимни сафар ба хориҷ аз кадом нақлиёт истифода кунанд
Ҳушдор: Вазорат гуфт, тоҷикистониён зимни сафар ба хориҷ аз кадом нақлиёт истифода кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои ғайриқонунӣ истифода набаранд, ки ҳангоми гузариш аз сарҳадот ба мушкил дучор мешаванд
2022-09-03T19:14+0500
2022-09-03T19:14+0500
2022-09-05T19:02+0500
вазорати нақлиёт
дар тоҷикистон
нақлиёт
мусофирон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046180655_0:106:1024:682_1920x0_80_0_0_79d7e5ccc07b1d7fd4898b29c84ea926.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Мақомоти тоҷик машварат додаанд, ҳангоми сафар ба хориҷа аз мошинҳое шаҳрвандон истифода кунанд, ки барои ҳамлу нақли байналмилалӣ иҷозатномаи расмӣ доранд.Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳорот додааст. Ин ниҳод аз мусофироне, ки қасди сафар ба Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русияро доранд, даъват мекунад, ки танҳо аз ширкатҳои нақлиётие, ки иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро доранд, аз терминалҳои мусофирбар чипта харанд. Гуфта мешавад, ки ҳоло дар бозори ҳамлу нақли байналмилалии мусофирбар соҳибони автобусҳое, ки иҷозаи дахлдор надоранд, хидмати худро пешниҳод мекунанд. "Вақте мусофир ба хориҷ аз кишвар, масалан ба Русия сафар мекунад, аз чанд сарҳад мегузарад ва агар ронанда асноди лозима надошта бошад, пас метавонад мушкилот ба миён ояд",-афзуд вазорат. Ширкатҳои нақлиётие, ки барои кашондани мусофирон дар самти байналмилалӣ иҷозат доранд, кушиш мекунанд, ки кори худро босамар иҷро кунанд.Маврид ба зикр аст, ки ин изҳороти вазорат дар ҳоле нашр мешавад, ки қаблан як гуруҳи шаҳрвандони кишвар дар расонаҳои иҷтимоӣ гуфта буданд, ки бо мушкилоти зиёд бо роҳи заминӣ пас аз 10 рӯз ба Русия расиданд.
https://sputnik.tj/20220525/harakat-avtobus-masir-dushanbe-maskav-ijoza-safar-1048698180.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046180655_115:0:1024:682_1920x0_80_0_0_51032016eeb908d4e37d58c7e140fe2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор вазорат тоҷикистониён сафар хориҷ
ҳушдор вазорат тоҷикистониён сафар хориҷ
Ҳушдор: Вазорат гуфт, тоҷикистониён зимни сафар ба хориҷ аз кадом нақлиёт истифода кунанд
19:14 03.09.2022 (Навсозишуда: 19:02 05.09.2022) Аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мешавад, ки аз хидматрасонии автобусҳои ғайриқонунӣ истифода набаранд, ки ҳангоми гузариш аз сарҳад ба мушкил дучор мешаванд
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Мақомоти тоҷик машварат додаанд, ҳангоми сафар ба хориҷа аз мошинҳое шаҳрвандон истифода кунанд, ки барои ҳамлу нақли байналмилалӣ иҷозатномаи расмӣ доранд.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳорот додааст.
Ин ниҳод аз мусофироне, ки қасди сафар ба Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русияро доранд, даъват мекунад, ки танҳо аз ширкатҳои нақлиётие, ки иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро доранд, аз терминалҳои мусофирбар чипта харанд.
"Бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуб дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии мусофирбар аз шумо хоҳиш менамоем, ки аз хизматрасонии автобусҳои ғайриқонунӣ истифода набаред", - муроҷиат мекунад Вазорати нақлиёт ба аҳолӣ.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар бозори ҳамлу нақли байналмилалии мусофирбар соҳибони автобусҳое, ки иҷозаи дахлдор надоранд, хидмати худро пешниҳод мекунанд.
"Вақте мусофир ба хориҷ аз кишвар, масалан ба Русия сафар мекунад, аз чанд сарҳад мегузарад ва агар ронанда асноди лозима надошта бошад, пас метавонад мушкилот ба миён ояд",-афзуд вазорат.
Ширкатҳои нақлиётие, ки барои кашондани мусофирон дар самти байналмилалӣ иҷозат доранд, кушиш мекунанд, ки кори худро босамар иҷро кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин изҳороти вазорат дар ҳоле нашр мешавад, ки қаблан як гуруҳи шаҳрвандони кишвар дар расонаҳои иҷтимоӣ гуфта буданд, ки бо мушкилоти зиёд бо роҳи заминӣ пас аз 10 рӯз ба Русия расиданд.