https://sputnik.tj/20220525/harakat-avtobus-masir-dushanbe-maskav-ijoza-safar-1048698180.html
Ҳаракати автобус дар масири Душанбе - Маскав оғоз мешавад: ба киҳо иҷозаи сафар аст
Ҳаракати автобус дар масири Душанбе - Маскав оғоз мешавад: ба киҳо иҷозаи сафар аст
Sputnik Тоҷикистон
Тафсилоти нав дар бораи азсаргирии хатсайри автобусҳо миёни Тоҷикистону Русия маълум шуд: ҳамин тариқ сафари нахустин рӯзи 2 июн ба нақша гирифта шудааст
2022-05-25T15:15+0500
2022-05-25T15:15+0500
2022-05-25T20:50+0500
дар тоҷикистон
дар русия
автобус
маскав
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102750/98/1027509852_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_1fb70f26bb2bc7bb6840779dca3081fb.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ширкати "Asian Express" тамоми хадамотро барои мусофирони хатсайри Душанбе - Маскав мушаххас кардааст. Тибқи паёмҳои расмии ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз 2 июн ҳаракати автобусҳо байни пойтахтҳои ду кишвар оғоз мешавад. Илова бар ин, ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир на ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз ин масир истифода кунанд. Танҳо онҳое, ки ҳуқуқи ворид шудан ба Федератсияи Русияро дар сарҳади заминӣ доранд, метавонанд аз ин тариқ сафар кунанд. Нарх ва хидматрасонии "Asian Express"Дар мавриди нархи роҳкиро бошад, тибқи маълумоти пешакӣ, он барои як нафар 1200 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар ҳамин ҳол то кунун миқдор ва вақти сафар маълум нест. То ба ҳол интиқолдиҳанда танҳо номгӯи хидматҳоро ҳангоми сафари автобус мушаххас кардааст.Ҳамин тавр, ба гуфтаи "Asian Express", ҳар як мусофир метавонад то 15 кг бағоҷи дастӣ дошта бошад. Ҳамзамон боз 25 кило бор низ дар бағоҷдон иҷоза аст. Бори беш аз ин пардохти иловагӣ дорад.Гуфта мешавад, кӯдакони хурдсол бо курсиҳои кӯдакона таъмин карда мешаванд, то дар тӯли тамоми масир бехатар бошанд. Ба иттилои манбаъ, дар автобусҳо кондитсионер ва дигар лавозими зарурӣ барои сафари хуб фароҳам аст.Ҳамзамон дар рӯзи аввали сафар ба ҳамаи мусофирот хӯроки яквақта дар шакли бутерброд дода мешавад.
https://sputnik.tj/20220519/dushanbe-khatsayr-nav-avtobusho-rohandozi-1048555103.html
маскав
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102750/98/1027509852_170:0:2899:2047_1920x0_80_0_0_6b8e0158acd2387b42bd09a45680b6d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаракат автобус масир душанбе - маскав
ҳаракат автобус масир душанбе - маскав
Ҳаракати автобус дар масири Душанбе - Маскав оғоз мешавад: ба киҳо иҷозаи сафар аст
15:15 25.05.2022 (Навсозишуда: 20:50 25.05.2022) Тафсилоти нав дар бораи азсаргирии хатсайри автобусҳо миёни Тоҷикистону Русия маълум шуд: ҳамин тариқ сафари нахустин рӯзи 2 июн ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ширкати "Asian Express" тамоми хадамотро барои мусофирони хатсайри Душанбе - Маскав мушаххас кардааст.
Тибқи паёмҳои расмии ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз 2 июн ҳаракати автобусҳо байни пойтахтҳои ду кишвар оғоз мешавад.
"Мусофирҳо метавонанд тавассути автобус аз Терминали байналмилалии Душанбе (Автовокзали Душанбе) ба Маскав сафар кунанд. Дар баробари ин шумо имкон доред, ки бо ҳамон масир аз Маскав ба Душанбе баргардед", - тавзеҳ медиҳад "Asian Express".
Илова бар ин, ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир на ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз ин масир истифода кунанд. Танҳо онҳое, ки ҳуқуқи ворид шудан ба Федератсияи Русияро дар сарҳади заминӣ доранд, метавонанд аз ин тариқ сафар кунанд.
Нарх ва хидматрасонии "Asian Express"
Дар мавриди нархи роҳкиро бошад, тибқи маълумоти пешакӣ, он барои як нафар 1200 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар ҳамин ҳол то кунун миқдор ва вақти сафар маълум нест. То ба ҳол интиқолдиҳанда танҳо номгӯи хидматҳоро ҳангоми сафари автобус мушаххас кардааст.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи "Asian Express", ҳар як мусофир метавонад то 15 кг бағоҷи дастӣ дошта бошад. Ҳамзамон боз 25 кило бор низ дар бағоҷдон иҷоза аст. Бори беш аз ин пардохти иловагӣ дорад.
Гуфта мешавад, кӯдакони хурдсол бо курсиҳои кӯдакона таъмин карда мешаванд, то дар тӯли тамоми масир бехатар бошанд.
Ба иттилои манбаъ, дар автобусҳо кондитсионер ва дигар лавозими зарурӣ барои сафари хуб фароҳам аст.
Ҳамзамон дар рӯзи аввали сафар ба ҳамаи мусофирот хӯроки яквақта дар шакли бутерброд дода мешавад.