https://sputnik.tj/20220827/afzoishi-sodiroti-barq-tojikiston-afghoniston-1050979292.html
Афзоиши содироти барқ Тоҷикистон. Афғонистон нахустин харидор аст
Афзоиши содироти барқ Тоҷикистон. Афғонистон нахустин харидор аст
Sputnik Тоҷикистон
Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар дар моҳҳои январ-июли соли равон нисбат ба замони мушобеҳи соли 2021 афзоиш ва ба 64,5 миллион доллар расидааст
2022-08-27T17:40+0500
2022-08-27T17:40+0500
2022-08-29T18:11+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
содирот
афғонистон
барқи тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/62/1028966202_0:158:3081:1891_1920x0_80_0_0_23fb7fb2ff8b29e8eae97d24b20f8230.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли равон ба маблағи беш аз 64,5 миллион доллар ба хориҷ барқ содир карда, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузаштаи 17,2 дарсад бештар аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Форс”.Масрафкунандаи аслии барқи Тоҷикистон Афғонистон аст ва Ӯзбекистон низ бо ҳаҷми нисбатан камтаре барқи тоҷикро харидорӣ мекунад.Бар асоси қарордодҳои имзошуда Афғонистон барои ҳар киловатт соъат барқи Тоҷикистон 4,67 сент Ӯзбекистон 2 сент пардохт мекунад.Таруфаи поин барои Ӯзбекистон ба ин далеласт, ки Тоҷикистон низ ба навбаи худ гази табии ин кишварро бо қимат коҳиш ёфта дарёфт мекунад.Пеш аз ин, дар оғози моҳи ҷорӣ мудирияти ширкати "Барқи тоҷик" гузориш дода буд, ки мавориди таълиқи барқ ба далели мушкилот дар шабакаҳои барқи Афғонистон дар соли ҷории нисбат ба солҳои гузашта коҳиши чашмгире дошта аст .Дар ҳамин ҳол, ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба ширкат "Барқи тоҷик" 28 миллион доллар бидеҳкор шудааст.Муҳамадумар Асозода, мудири ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотӣ дар аввали моҳи август бидеҳии тарафи афғон аз ин ширкатро бо мушкилоти марбут ба интиқоли маблағ аз ҳисобҳои ширкати “Брешно” дар банкҳои Афғонистон муртабит донист ва гуфт ки тарафи Афғонистон дар талоши рафъи ин мушкилот аст.Бино бар ин суханони вай, дар моҳи июли имсол ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба ҳисоби ширкати “Барқи тоҷик” 2 миллион доллар мунтақил карду кор дар ин замина идома ва қарз марҳала ба марҳала пардохт мешавад.
https://sputnik.tj/20220131/qarzi-shirkati-breshno-afghoniston-tojikiston-1045355775.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/62/1028966202_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_92de170f045f387853086960ae4b1d9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, тоҷикистон, барқ, фурӯш, содирот, афзоиш
афғонистон, тоҷикистон, барқ, фурӯш, содирот, афзоиш
Афзоиши содироти барқ Тоҷикистон. Афғонистон нахустин харидор аст
17:40 27.08.2022 (Навсозишуда: 18:11 29.08.2022) Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар дар моҳҳои январ-июли соли равон нисбат ба замони мушобеҳи соли 2021 афзоиш дошта, ба 64,5 миллион доллар расидааст
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли равон ба маблағи беш аз 64,5 миллион доллар ба хориҷ барқ содир карда, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузаштаи 17,2 дарсад бештар аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Форс”.
Масрафкунандаи аслии барқи Тоҷикистон Афғонистон аст ва Ӯзбекистон низ бо ҳаҷми нисбатан камтаре барқи тоҷикро харидорӣ мекунад.
Бар асоси қарордодҳои имзошуда Афғонистон барои ҳар киловатт соъат барқи Тоҷикистон 4,67 сент Ӯзбекистон 2 сент пардохт мекунад.
Таруфаи поин барои Ӯзбекистон ба ин далеласт, ки Тоҷикистон низ ба навбаи худ гази табии ин кишварро бо қимат коҳиш ёфта дарёфт мекунад.
Пеш аз ин, дар оғози моҳи ҷорӣ мудирияти ширкати "Барқи тоҷик" гузориш дода буд, ки мавориди таълиқи барқ ба далели мушкилот дар шабакаҳои барқи Афғонистон дар соли ҷории нисбат ба солҳои гузашта коҳиши чашмгире дошта аст .
Дар ҳамин ҳол, ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба ширкат "Барқи тоҷик" 28 миллион доллар бидеҳкор шудааст.
Муҳамадумар Асозода, мудири ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотӣ дар аввали моҳи август бидеҳии тарафи афғон аз ин ширкатро бо мушкилоти марбут ба интиқоли маблағ аз ҳисобҳои ширкати “Брешно” дар банкҳои Афғонистон муртабит донист ва гуфт ки тарафи Афғонистон дар талоши рафъи ин мушкилот аст.
Бино бар ин суханони вай, дар моҳи июли имсол ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба ҳисоби ширкати “Барқи тоҷик” 2 миллион доллар мунтақил карду кор дар ин замина идома ва қарз марҳала ба марҳала пардохт мешавад.