https://sputnik.tj/20220902/oriyonbonk-jom-fft-1051112562.html
"Ориёнбонк" барандаи Ҷоми ФФТ шуд
"Ориёнбонк" барандаи Ҷоми ФФТ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бонкдорони тоҷик дар даври ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар риштаи футзал бо ширкати мусофирбарии "Рахш - Таксӣ" зӯрозмоӣ кардаанд
2022-09-02T12:00+0500
2022-09-02T12:00+0500
2022-09-05T20:23+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
ффт
футзал
бонк
ҷом
ғолиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051112666_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_96bb91892212831f74a9d9bfe6e3514b.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тими футзали "Ориёнбонк" барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд, ки бахшида ба Рӯзи истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин бора ФФТ хабар дода, афзуд, ки дар он 12 даста ширкат карданд, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд.Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ футзалбозони "Ориёнбонк" ва "Рахш-Такси" ба майдон баромадаанд. Дар ин нерӯсанҷӣ кормандони бонк бо ҳисоби 5:1 ғалаба карданд.ФФТ афзуд, ки барои ҷойи севум дастаҳои "Вавилон" ва "Соро компания-2" бо ҳам вохӯрданд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ - 3:3 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои 11-метрӣ, бахт ба рӯйи футзалбозони "Соро компания-2" хандид ва ҳисоб 4:2 шуд, афзуд манбаъ. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи Ҷоми ФФТ Сироҷиддин Ҳусейнов аз дастаи "Ориёнбонк" ва беҳтарин дарвозабон ва ҳамдастааш Ибод Назиров беҳтарин нишонзани мусобиқа эълон гардид. Беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаи "Рахш-Такси" Орзу Додхудоев эътироф шуд.ФФТ тавзеҳ дод, ки дар ин мусобиқа дастаҳо аввал аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ карданд. Сипас ҳашт даста ба чорякфинал роҳ ёфт. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системаи олимпӣ сурат гирифтаанд. Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа ва тақдими ҷоиза бо иштироки ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, муовини аввали раиси ҶСК "Ориёнбонк" Шуҳрат Исматуллоев ва директори Лигаи футзали ҶТ Бахтовар Меликов иштирок намуданд.
https://sputnik.tj/20220709/tim-millii-tojikiston-1049883646.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051112666_10:0:1227:913_1920x0_80_0_0_b98cb71b22fec51d747f1dbe15cfbe90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баранда, ҷом, ришта, футзал, ффт
баранда, ҷом, ришта, футзал, ффт
"Ориёнбонк" барандаи Ҷоми ФФТ шуд
12:00 02.09.2022 (Навсозишуда: 20:23 05.09.2022) Бонкдорони тоҷик дар даври ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар риштаи футзал бо ширкати мусофирбарии "Рахш-таксӣ" бозӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тими футзали "Ориёнбонк" барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд, ки бахшида ба Рӯзи истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ин бора ФФТ хабар дода, афзуд, ки дар он 12 даста ширкат карданд, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд.
Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ футзалбозони "Ориёнбонк" ва "Рахш-Такси" ба майдон баромадаанд. Дар ин нерӯсанҷӣ кормандони бонк бо ҳисоби 5:1 ғалаба карданд.
ФФТ афзуд, ки барои ҷойи севум дастаҳои "Вавилон" ва "Соро компания-2" бо ҳам вохӯрданд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ - 3:3 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои 11-метрӣ, бахт ба рӯйи футзалбозони "Соро компания-2" хандид ва ҳисоб 4:2 шуд, афзуд манбаъ.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи Ҷоми ФФТ Сироҷиддин Ҳусейнов аз дастаи "Ориёнбонк" ва беҳтарин дарвозабон ва ҳамдастааш Ибод Назиров беҳтарин нишонзани мусобиқа эълон гардид. Беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаи "Рахш-Такси" Орзу Додхудоев эътироф шуд.
ФФТ тавзеҳ дод, ки дар ин мусобиқа дастаҳо аввал аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ карданд. Сипас ҳашт даста ба чорякфинал роҳ ёфт. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системаи олимпӣ сурат гирифтаанд.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа ва тақдими ҷоиза бо иштироки ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, муовини аввали раиси ҶСК "Ориёнбонк" Шуҳрат Исматуллоев ва директори Лигаи футзали ҶТ Бахтовар Меликов иштирок намуданд.