https://sputnik.tj/20220902/bozdid-osorkhona-danghara-safar-sohibkoron-tojikiston-1051117817.html
Боздид аз осорхона ва Кӯлобу Данғара: барномаи сафари соҳибкорони турк ба Тоҷикистон
Боздид аз осорхона ва Кӯлобу Данғара: барномаи сафари соҳибкорони турк ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳошияи ҷаласаи комиссияи байниҳукуматииТоҷикистону Туркия дар масоили иқтисодӣ инчунин мулоқоти намояндагони бахши хусусӣ - В2В дар назар аст
2022-09-02T14:09+0500
2022-09-02T14:09+0500
2022-09-05T20:20+0500
дар тоҷикистон
соҳибкор
иқтисод
туркия
ҳамкорӣ
кӯлоб
данғара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_c934c1972a1823afbe9ab495314ebb71.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ҳайати соҳибкорони Туркия таҳти роҳбарии раиси Палатаи савдои ин кишвар ба Тоҷикистон меояд, хабар дод "Ховар" аз қавли Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, сафари намояндагони бахши хусусии Туркия 4 сентябр ба нақша гирифта шудааст. "Ҳадафи сафари ҳайати Туркия ба Тоҷикистон баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкории иқтисодӣ арзёбӣ мешавад", - омадааст дар иттилоия.Интизор меравад, ки ҳайати Туркия бо роҳбарону намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Кӯлоб мулокот кунанд. Ҳамзамон дар ноҳияи Данғара бо иштироки соҳибкорони вилояти Хатлон ва шаҳри Қунияи Туркия форуми минтақавии дуҷониба баргузор мегардад. Дар баробари ин соҳибкорони Туркия аз минтақаҳои озоди иқтисодии "Данғара" ва "Кӯлоб" боздид мекунанд. Меҳмонон ҳамчунин аз шаҳри бостонии Кӯлоб боздид мекунанд, ки бо шаҳри Қунияи Туркия бародаршаҳр аст. Тамошои осорхонаи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид менамоянд.
https://sputnik.tj/20220901/maqomot-mintaqahoi-ozodi-iqtisodii-tojikiston-mahsulot-tavlid-1051100311.html
туркия
кӯлоб
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_665d0fd32343aec80cda204a8b41a7aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нашр, барнома, ҳамкорӣ, сафар, тоҷикистон
нашр, барнома, ҳамкорӣ, сафар, тоҷикистон
Боздид аз осорхона ва Кӯлобу Данғара: барномаи сафари соҳибкорони турк ба Тоҷикистон
14:09 02.09.2022 (Навсозишуда: 20:20 05.09.2022) Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар масоили иқтисодӣ инчунин мулоқоти намояндагони бахши хусусӣ - В2В дар назар аст
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ҳайати соҳибкорони Туркия таҳти роҳбарии раиси Палатаи савдои ин кишвар ба Тоҷикистон меояд, хабар дод "Ховар" аз қавли Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, сафари намояндагони бахши хусусии Туркия 4 сентябр ба нақша гирифта шудааст.
"Ҳадафи сафари ҳайати Туркия ба Тоҷикистон баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкории иқтисодӣ арзёбӣ мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Интизор меравад, ки ҳайати Туркия бо роҳбарону намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Кӯлоб мулокот кунанд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Данғара бо иштироки соҳибкорони вилояти Хатлон ва шаҳри Қунияи Туркия форуми минтақавии дуҷониба баргузор мегардад.
Дар баробари ин соҳибкорони Туркия аз минтақаҳои озоди иқтисодии "Данғара" ва "Кӯлоб" боздид мекунанд.
Меҳмонон ҳамчунин аз шаҳри бостонии Кӯлоб боздид мекунанд, ки бо шаҳри Қунияи Туркия бародаршаҳр аст. Тамошои осорхонаи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид менамоянд.