https://sputnik.tj/20220901/maqomot-mintaqahoi-ozodi-iqtisodii-tojikiston-mahsulot-tavlid-1051100311.html
Мақомот гуфтанд, минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулот тавлид кардаанд
Мақомот гуфтанд, минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулот тавлид кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомот аз панҷ Минтақаи озоди иқтисодии кишвар дар ду Минтақаи озоди иқтисодӣ –“Суғд” ва “Данғара” маҳсулот истеҳсол гардида аст
2022-09-01T21:30+0500
2022-09-01T21:30+0500
2022-09-05T20:30+0500
дар тоҷикистон
маҳсулот
истеҳсол
мои "данғара"
саноат
иқтисод
тавлид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102683/07/1026830717_21:0:993:547_1920x0_80_0_0_9824e415377a97f1e5799230d9af9ac8.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Аз оғози соли 2022 дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) Тоҷикистон ба маблағи 243 миллион сомонӣ, ки муодили наздик ба 24 миллион доллар аст, маҳсулот истеҳсол шудааст, мегӯяд Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.Тибқи иттилои манбаъ, лар моҳҳои январ ва июли соли равон аз панҷ Минтақаи озоди иқтисодии кишвар дар ду Минтақаи озоди иқтисодӣ –“Суғд” ва “Данғара” маҳсулот истеҳсол гардида, тамоми маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” ба даст омадаанд.Дар Минтақаи озоди иқтисодии ҷануби кишвар – “Данғара” 11 субъект фаъолият дошта, дар ин давра ба маблағи беш аз 34,4 миллион сомонӣ (3,3 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол гардидааст.Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 13 корхона дар зарфи 7 моҳ аз ҳама зиёд, ба маблағи 208,5 миллион сомонӣ (20,5 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол намудаанд.Дар дигар субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, назири “Ишкошим”, “Панҷ” ва “Кӯлоб” маҳсулот истеҳсол нагардидааст.“МОИ “Суғд”ва “Панҷ” соли 2008, МОИ “Данғара” ва “Ишкошим” соли 2009 ва МОИ “Кӯлоб” соли 2019 таъсис дода шудаанд.Фаъолияти МОИ дар кишвар аз соли 2010 оғоз гардидааст ва алҳол дар онҳо 86 субъект ба қайд гирифта шудаанд. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз оғози фаъолияти МОИ кишвар -аз соли 2010 инҷониб 2 миллиарду 116,4 миллион сомониро ташкил медиҳад”, -иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
https://sputnik.tj/20210713/sughd-mahsuloti-sanoati-afzoish-1040854417.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102683/07/1026830717_142:0:871:547_1920x0_80_0_0_7cbd94344f709c6992b44f0fcdeb30e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, минтақаҳои озоди иқтисодии тоҷикистон, тавлид, маҳсулот, истеҳсол, суғд, данғара
тоҷикистон, минтақаҳои озоди иқтисодии тоҷикистон, тавлид, маҳсулот, истеҳсол, суғд, данғара
Мақомот гуфтанд, минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулот тавлид кардаанд
21:30 01.09.2022 (Навсозишуда: 20:30 05.09.2022) Ба иттилои мақомот, аз панҷ Минтақаи озоди иқтисодии кишвар дар ду Минтақаи озоди иқтисодӣ –“Суғд” ва “Данғара” маҳсулот истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Аз оғози соли 2022 дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) Тоҷикистон ба маблағи 243 миллион сомонӣ, ки муодили наздик ба 24 миллион доллар аст, маҳсулот истеҳсол шудааст, мегӯяд Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, лар моҳҳои январ ва июли соли равон аз панҷ Минтақаи озоди иқтисодии кишвар дар ду Минтақаи озоди иқтисодӣ –“Суғд” ва “Данғара” маҳсулот истеҳсол гардида, тамоми маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” ба даст омадаанд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии ҷануби кишвар – “Данғара” 11 субъект фаъолият дошта, дар ин давра ба маблағи беш аз 34,4 миллион сомонӣ (3,3 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 13 корхона дар зарфи 7 моҳ аз ҳама зиёд, ба маблағи 208,5 миллион сомонӣ (20,5 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Дар дигар субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, назири “Ишкошим”, “Панҷ” ва “Кӯлоб” маҳсулот истеҳсол нагардидааст.
“МОИ “Суғд”ва “Панҷ” соли 2008, МОИ “Данғара” ва “Ишкошим” соли 2009 ва МОИ “Кӯлоб” соли 2019 таъсис дода шудаанд.
Фаъолияти МОИ дар кишвар аз соли 2010 оғоз гардидааст ва алҳол дар онҳо 86 субъект ба қайд гирифта шудаанд. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз оғози фаъолияти МОИ кишвар -аз соли 2010 инҷониб 2 миллиарду 116,4 миллион сомониро ташкил медиҳад”, -иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.