https://sputnik.tj/20220902/barguzorii-haftai-farhangii-koshon-dushanbe-1051120127.html
Баргузории Ҳафтаи фарҳангии Кошон дар Душанбе
Баргузории Ҳафтаи фарҳангии Кошон дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ва Эрон барномае таҳти унвони ҳафтаи фарҳангии Кошон дар шаҳри Душанберо барномарезӣ ва ба наздикӣ баргузор хоҳанд кард
2022-09-02T15:25+0500
2022-09-02T15:25+0500
2022-09-05T20:08+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
фарҳанг
равобит
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи фарҳангии шаҳри Кошон (шаҳре дар устони Исфаҳон - воқеъ дар маркази Эрон) баргузор мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.Тибқи иттилои манбаъ, Хусрави Нозирӣ, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО дар дидор бо Аҳмади Доноиниё, раиси идораи мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии шаҳристони Кошон гуфт, бо ройзаниҳое ки бо сафири Тоҷикистон дар Эрон анҷом хоҳам дод, барномае таҳти унвони ҳафтаи фарҳангии Кошон дар шаҳри Душанберо барномарезӣ ва баргузор хоҳем кард.Аҳмади Доноиниё низ зимни ибрози хурсандӣ аз ин дидор бар лузӯми ташкили Хонаи фарҳанги Тоҷикистон дар Кошону Душанбе изҳор дошт, ки омодагааст то дар яке аз хонаҳои торихӣ дар ҳар ду кишвар Хонаи фарҳанги Кошону Душанбе ташкил шавад, то ҳар ду кишвар бо фарҳанг, таърих ва ҳавзаи тамаддунии муштараке ки доранд, бештару амиқтар ошно шаванд.Оқои Хусрави Нозирӣ изҳор доштааст, ки Кошон шаҳри шигифтиҳо ва меъмории асили эронӣ аст.Вай Кошону Душанберо дорои нишонаҳои муштараки фарҳангӣ ва тамаддунӣ донист.“Мероси фарҳангӣ забони гуёи ҳамаи миллатҳо аст ва кишварҳое, ки мероси фарҳангии муштараке доранд, меросбонони ҳамдигар ҳастанд”, - афзуд вай.Дар ҳамин ҳол, раиси идораи мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии шаҳристони Кошон ин минтақаро дорои асолату пешинаи зиёде унвон кард ва афзуд: Минтақаи Кошон бо вуҷуди тамаддуни ҳафтҳазорсола ва минтақаи Силак таърихи худро ба рухи ҷаҳониён мекашад.
https://sputnik.tj/20220810/khudravhoi-sabukrav-eron-bozor-rusiya-1050609327.html
эрон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, фарҳанг, душанбе, мақомот, барномарезӣ, кошон
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, фарҳанг, душанбе, мақомот, барномарезӣ, кошон
Баргузории Ҳафтаи фарҳангии Кошон дар Душанбе
15:25 02.09.2022 (Навсозишуда: 20:08 05.09.2022) Мақомоти Тоҷикистону Эрон барномае таҳти унвони Ҳафтаи фарҳангии Кошон дар шаҳри Душанберо барномарезӣ ва ба наздикӣ баргузор хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи фарҳангии шаҳри Кошон (шаҳре дар устони Исфаҳон - воқеъ дар маркази Эрон) баргузор мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ, Хусрави Нозирӣ, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО дар дидор бо Аҳмади Доноиниё, раиси идораи мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии шаҳристони Кошон гуфт, бо ройзаниҳое ки бо сафири Тоҷикистон дар Эрон анҷом хоҳам дод, барномае таҳти унвони ҳафтаи фарҳангии Кошон дар шаҳри Душанберо барномарезӣ ва баргузор хоҳем кард.
Аҳмади Доноиниё низ зимни ибрози хурсандӣ аз ин дидор бар лузӯми ташкили Хонаи фарҳанги Тоҷикистон дар Кошону Душанбе изҳор дошт, ки омодагааст то дар яке аз хонаҳои торихӣ дар ҳар ду кишвар Хонаи фарҳанги Кошону Душанбе ташкил шавад, то ҳар ду кишвар бо фарҳанг, таърих ва ҳавзаи тамаддунии муштараке ки доранд, бештару амиқтар ошно шаванд.
Оқои Хусрави Нозирӣ изҳор доштааст, ки Кошон шаҳри шигифтиҳо ва меъмории асили эронӣ аст.
Вай Кошону Душанберо дорои нишонаҳои муштараки фарҳангӣ ва тамаддунӣ донист.
“Мероси фарҳангӣ забони гуёи ҳамаи миллатҳо аст ва кишварҳое, ки мероси фарҳангии муштараке доранд, меросбонони ҳамдигар ҳастанд”, - афзуд вай.
Дар ҳамин ҳол, раиси идораи мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии шаҳристони Кошон ин минтақаро дорои асолату пешинаи зиёде унвон кард ва афзуд: Минтақаи Кошон бо вуҷуди тамаддуни ҳафтҳазорсола ва минтақаи Силак таърихи худро ба рухи ҷаҳониён мекашад.