https://sputnik.tj/20220810/khudravhoi-sabukrav-eron-bozor-rusiya-1050609327.html
Худравҳои нисбатан арзони Эрон ба бозори Русия роҳ меёбанд
Худравҳои нисбатан арзони Эрон ба бозори Русия роҳ меёбанд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари маркази русии “Эрониёни бурунмарзӣ” ахиран гуфтааст, ки Эрон омодааст худравҳои сабукрави худро дар қаламрави Русия истеҳсол намояд
2022-08-10T10:20+0500
2022-08-10T10:20+0500
2023-02-08T19:44+0500
эрон
худрав
мошин
истеҳсол
тавлид
нақлиёт
саманд
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050609167_0:0:3145:1770_1920x0_80_0_0_2630cbf9cb7b55647c9b542022642d81.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Ба бозори худравҳои Русия метавонад як бозигари нав бо номи Эрон ворид шавад, навиштааст рӯзномаи “Российская газета”.Ба иттилои ин нашрия, раҳбари маркази русии “Эрониёни бурунмарзӣ” аз тавофуқи мавҷуда дар бораи васли худравҳо дар Русия, зери тамғаҳои эҳёшудаи “Москвич”, “Волга” ва “Победа”-и ин кишвар хабар дод.Ба навиштаи “Российская газета”, ин тарҳ ояндадор аст, аммо як каме нозукиҳо ҳам дорад, зеро худи Эрон солҳои тӯлонӣ таҳти таҳримоти Ғарб қарор дорад.Дар Эрон як қатор корхонаҳои худравсозӣ мавҷуданд, ки дар байни онҳо, пеш аз ҳама, “Эрон Худрав”-ро метавон қайд кард - он бо бозори Русия хуб ошноӣ дорад, ин ширкат бо номи “Саманд” мошинҳо содир мекунад.Дар Эрон ин бренд на танҳо ба истеҳсоли худравҳои истеҳсоли ватанӣ, балки ба васлкунӣ ва истеҳсоли мошинҳои моделҳои чинии “Haima” ва “Dongfeng” ва ҳамчунин “Peugeot”-и фаронсавӣ низ машғул аст.Аммо, ин моделҳо наву замонавӣ нестанд – худравҳое, ки Эрон тавлид мекунад моделҳои соли 2008 ва 2013 мебошанд.Ёдовар мешавем, ки ба далели таҳримҳои Ғарб бархе аз ширкатҳои мошинсозӣ кори худро қатъ карданд. Ширкатҳои боқимонда, ки дар бозори Русия кор мекунанд ба норасоӣ ва камбуди таҷҳизот барои истеҳсоли худрав рӯ ба рӯ шуданд.
https://sputnik.tj/20220120/khudrav-rohho-tang-tanbashavi-naqliyot-kulob-1044966169.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050609167_160:0:2891:2048_1920x0_80_0_0_b278928c2d83527b5d25f9976f9cb3e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, русия, худрав, истеҳсол, тавлид, мошин, нақлиёт
эрон, русия, худрав, истеҳсол, тавлид, мошин, нақлиёт
Худравҳои нисбатан арзони Эрон ба бозори Русия роҳ меёбанд
10:20 10.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Раҳбари маркази русии “Эрониёни бурунмарзӣ” ахиран гуфтааст, ки Эрон омодааст, худравҳои сабукрави худро дар қаламрави Русия истеҳсол намояд
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Ба бозори худравҳои Русия метавонад як бозигари нав бо номи Эрон ворид шавад, навиштааст рӯзномаи “Российская газета”.
Ба иттилои ин нашрия, раҳбари маркази русии “Эрониёни бурунмарзӣ” аз тавофуқи мавҷуда дар бораи васли худравҳо дар Русия, зери тамғаҳои эҳёшудаи “Москвич”, “Волга” ва “Победа”-и ин кишвар хабар дод.
Ба навиштаи “Российская газета”, ин тарҳ ояндадор аст, аммо як каме нозукиҳо ҳам дорад, зеро худи Эрон солҳои тӯлонӣ таҳти таҳримоти Ғарб қарор дорад.
Дар Эрон як қатор корхонаҳои худравсозӣ мавҷуданд, ки дар байни онҳо, пеш аз ҳама, “Эрон Худрав”-ро метавон қайд кард - он бо бозори Русия хуб ошноӣ дорад, ин ширкат бо номи “Саманд” мошинҳо содир мекунад.
Дар Эрон ин бренд на танҳо ба истеҳсоли худравҳои истеҳсоли ватанӣ, балки ба васлкунӣ ва истеҳсоли мошинҳои моделҳои чинии “Haima” ва “Dongfeng” ва ҳамчунин “Peugeot”-и фаронсавӣ низ машғул аст.
Аммо, ин моделҳо наву замонавӣ нестанд – худравҳое, ки Эрон тавлид мекунад моделҳои соли 2008 ва 2013 мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ба далели таҳримҳои Ғарб бархе аз ширкатҳои мошинсозӣ кори худро қатъ карданд. Ширкатҳои боқимонда, ки дар бозори Русия кор мекунанд ба норасоӣ ва камбуди таҷҳизот барои истеҳсоли худрав рӯ ба рӯ шуданд.