https://sputnik.tj/20220901/zamoni-iftitohi-makotibhoi-rusi-tojikistonu-rusiya-1051084975.html
Замони ифтитоҳи мактабҳои русӣ бо иштироки президентҳои Тоҷикистону Русия маълум шуд
Замони ифтитоҳи мактабҳои русӣ бо иштироки президентҳои Тоҷикистону Русия маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия панҷ мактаби муосири таълимии русӣ дар шаҳрҳои мухталифи кишварро аз тариқи видеоконфронс ифтитоҳ мекунанд
2022-09-01T11:10+0500
2022-09-01T11:10+0500
2022-09-01T12:07+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
суғд
мактаби русӣ
ифтитоҳ
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051123997_0:255:2451:1634_1920x0_80_0_0_2b821d457906529c5eed09fa1439b1af.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, чунин макотиб барои баҳрабардорӣ омода шудаанд.Мубинахон Хоҷаева, директори мактаби муосири Тоҷикистону Русия ба номи Антон Чейхов дар Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарор аст мактаби мазкур соати 17 и асри имрӯз дар баробари чаҳор мактаби дигар дар фазои тантанавӣ расман ифтитоҳ хоҳад шуд.Қаблан дафтари матбуотии Русия дар бораи иштироки фосилавии Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби русӣ дар шаҳрҳои мухталифи кишвар иттилоъ дода буд.Сохтмони мактабҳои муосири Тоҷикистону Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода дар зарфи як соли охир ба анҷом расонида шудааст.Дар ҳар як муассисаи таълимӣ беш аз 1200 нафар кӯдак имкони таҳсил дорад. Толибилмон пас аз санҷишу имтиҳони махсус интихоб карда мешаванд. Хонандаҳо аз рӯи барномаи таълимии Русия ва Тоҷикистон таҳсил хоҳанд кард.Ба ҳар як муассисаи таълимӣ номи қаҳрамонон ва ходимони фарҳанги Русия дода шуд. Ҳамин тариқ, мактаб дар Душанбе ба номи нахустин кайҳоннаварди Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин ва мактаби Бохтар ба номи Михаил Ломоносов гузошта шуд.Як муассисаи таълимӣ дар Турсунзода ба шарафи Дмитрий Менделеев, дар Кӯлоб ба ифтихори Константин Ушинский номгузорӣ шуд. Ба мактаби шаҳри Хуҷанд номи Антон Чехов дода шуд.Ёдовар мешавем, ки Русия барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ 150 миллион доллар ҷудо кардааст.
https://sputnik.tj/20220831/rahmon-putin-maktabhoi-rusiro-tojikiston-iftitoh-mekunand-1051081359.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051123997_163:0:2342:1634_1920x0_80_0_0_771ca35ebf0a783cac9164016b76ddaa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мактаби русӣ, ифтитоҳ, замон, русия, раҳмон, путин, суғд, хуҷанд
тоҷикистон, мактаби русӣ, ифтитоҳ, замон, русия, раҳмон, путин, суғд, хуҷанд
Замони ифтитоҳи мактабҳои русӣ бо иштироки президентҳои Тоҷикистону Русия маълум шуд
11:10 01.09.2022 (Навсозишуда: 12:07 01.09.2022) Эксклюзив
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия панҷ мактаби муосири русӣ дар шаҳрҳои мухталифи кишварро аз тариқи видеоконфронс ифтитоҳ мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, чунин макотиб барои баҳрабардорӣ омода шудаанд.
Мубинахон Хоҷаева, директори мактаби муосири Тоҷикистону Русия ба номи Антон Чейхов дар Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарор аст мактаби мазкур соати 17 и асри имрӯз дар баробари чаҳор мактаби дигар дар фазои тантанавӣ расман ифтитоҳ хоҳад шуд.
Қаблан дафтари матбуотии Русия дар бораи иштироки фосилавии Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби русӣ дар шаҳрҳои мухталифи кишвар иттилоъ дода буд.
“Тавассути видеоконфронс Путин ва Раҳмон дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби миёна бо таълими забони русӣ дар Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард”, — иттилоъ дод, манбаъ.
Сохтмони мактабҳои муосири Тоҷикистону Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода дар зарфи як соли охир ба анҷом расонида шудааст.
Дар ҳар як муассисаи таълимӣ беш аз 1200 нафар кӯдак имкони таҳсил дорад. Толибилмон пас аз санҷишу имтиҳони махсус интихоб карда мешаванд. Хонандаҳо аз рӯи барномаи таълимии Русия ва Тоҷикистон таҳсил хоҳанд кард.
Ба ҳар як муассисаи таълимӣ номи қаҳрамонон ва ходимони фарҳанги Русия дода шуд. Ҳамин тариқ, мактаб дар Душанбе ба номи нахустин кайҳоннаварди Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин ва мактаби Бохтар ба номи Михаил Ломоносов гузошта шуд.
Як муассисаи таълимӣ дар Турсунзода ба шарафи Дмитрий Менделеев, дар Кӯлоб ба ифтихори Константин Ушинский номгузорӣ шуд. Ба мактаби шаҳри Хуҷанд номи Антон Чехов дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ 150 миллион доллар ҷудо кардааст.