https://sputnik.tj/20220901/tolibon-tojikistonu-uzbekiston-darkhost-havopaymo-1051092715.html
Толибон боз аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дархост карданд, то ҳавопаймоҳоро баргардонанд
Толибон боз аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дархост карданд, то ҳавопаймоҳоро баргардонанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои давлати толибони гуфт, ҳукумати феълӣ барои бозгардондани ҳавопаймоҳо ва болгардҳои низомии ин икшвард дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, талош дорад
2022-09-01T15:00+0500
2022-09-01T15:00+0500
2022-09-05T20:45+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ӯзбекистон
чархбол
ҳавопаймо
бозгардонӣ
вазири дифоъ
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051037630_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_5e71e189ac40df0b44ca88096152fa1f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Муҳаммадяъқуби Муҷоҳид, сарпарасти Вазорати дифои давлати толибони Афғонистон ахиран дар нишасти хабарӣ дар Кобул бори дигар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон хост, то чархболу ҳавопаймоҳои низомии моли давлати собиқи Афғонистонро, ки халабонҳои афғон ҳангоми фирорашон ба ин кишварҳо мунтақил доданд, бозгардонанд, иттилоъ додааст хабаргузоии “Форс”.Ин чархболу ҳавопаймоҳо пас аз суқути давлати собиқ ба Тоҷикистону Ӯзбекистон мунтақил шуда буданд.Сарпарасти Вазорати дифои давлати толибони таъкид кард, ин болгардҳо мутааллиқ ба Афғонистон будаву талош барои бозгардондани онҳо ба ин кишвар идома дорад.Ин мақоми Толибон афзуд, кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мегӯянд, масъала ин аст, ки амрикоиҳо намегузоранд ин болгардҳоро ба Афғонистон баргардонем, аммо мо бо амрикоиҳо суҳбат кардем ва гуфтем ки ин моли мардуми Афғонистон аст ва бояд бозгардонида шавад.Дар моҳи майи соли ҷорӣ Ҷон Марк Поммершейм, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, кишвараш ҳеҷ барномае барои таҳвили ин амвол ба толибонро надорад, зеро ин таҷҳизот ба толибон тааллуқ надоранд.Фаҳими Куҳдоманӣ, дипломати собиқи Афғонистон бар ин назар аст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти ҳеч шароите наметавонанд ин ҳавпаймоҳоро ба толибон таҳвил диҳанд, зеро ҳеч тазмини байналмилалӣ дода нашудааст.
https://sputnik.tj/20220831/rezhai-nizomii-tolibon-bagrom-tajhizoti-amrikoi-video-1051080299.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051037630_91:0:1051:720_1920x0_80_0_0_4616359f243de50cfcf5a92353dbb0b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, толибон, афғонистон, чархбол, ҳавопаймоҳои низомӣ, бозгардон, вазири дифои толибон
тоҷикистон, ӯзбекистон, толибон, афғонистон, чархбол, ҳавопаймоҳои низомӣ, бозгардон, вазири дифои толибон
Толибон боз аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дархост карданд, то ҳавопаймоҳоро баргардонанд
15:00 01.09.2022 (Навсозишуда: 20:45 05.09.2022) Вазири дифои давлати толибон гуфт, ҳукумати феълӣ барои бозгардондани ҳавопаймоҳо ва болгардҳои низомии ин кишвар дар Тоҷикистону Ӯзбекистон талош дорад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Муҳаммадяъқуби Муҷоҳид, сарпарасти Вазорати дифои давлати толибони Афғонистон ахиран дар нишасти хабарӣ дар Кобул бори дигар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон хост, то чархболу ҳавопаймоҳои низомии моли давлати собиқи Афғонистонро, ки халабонҳои афғон ҳангоми фирорашон ба ин кишварҳо мунтақил доданд, бозгардонанд, иттилоъ додааст хабаргузоии “Форс”.
Ин чархболу ҳавопаймоҳо пас аз суқути давлати собиқ ба Тоҷикистону Ӯзбекистон мунтақил шуда буданд.
Сарпарасти Вазорати дифои давлати толибони таъкид кард, ин болгардҳо мутааллиқ ба Афғонистон будаву талош барои бозгардондани онҳо ба ин кишвар идома дорад.
Ин мақоми Толибон афзуд, кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мегӯянд, масъала ин аст, ки амрикоиҳо намегузоранд ин болгардҳоро ба Афғонистон баргардонем, аммо мо бо амрикоиҳо суҳбат кардем ва гуфтем ки ин моли мардуми Афғонистон аст ва бояд бозгардонида шавад.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ Ҷон Марк Поммершейм, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, кишвараш ҳеҷ барномае барои таҳвили ин амвол ба толибонро надорад, зеро ин таҷҳизот ба толибон тааллуқ надоранд.
Фаҳими Куҳдоманӣ, дипломати собиқи Афғонистон бар ин назар аст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти ҳеч шароите наметавонанд ин ҳавпаймоҳоро ба толибон таҳвил диҳанд, зеро ҳеч тазмини байналмилалӣ дода нашудааст.