https://sputnik.tj/20220901/ord-qazoqiston-dastras-sodirotro-laghv-1051094519.html
Орди Қазоқистон дастрастар мешавад: кишвар манъи содиротро лағв мекунад
Орди Қазоқистон дастрастар мешавад: кишвар манъи содиротро лағв мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Бузургтарин тавлидкунандаи ғалла дар Осиёи Марказӣ дар авоили тирамоҳи соли ҷорӣ маҳдудиятҳои қаблан ҷорӣшуда барои содироти орд ва ғалларо лағв мекунад
2022-09-01T15:32+0500
2022-09-01T15:32+0500
2022-09-05T20:46+0500
қазоқистон
орд
гандум
содирот
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102983/87/1029838708_142:0:1779:921_1920x0_80_0_0_15955a9399acb9ee24b86f596cbb30a5.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Қазоқистон маҳдудиятҳои содироти гандум ва ордро лағв мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии кобинаи вазирони ҷумҳурӣ. Маҳдудиятҳо аз 10 сентябр бардошта мешаванд. Вазорати кишоварзии ин кишвар қайд кардааст, ки дар мавсими имсола ҳосили хуби ғалла дар назар аст. Маврид ба зикр аст, ки вазорат дар моҳи апрели соли равон содироти гандум ва ордро маҳдуд карда буд. Баъдан чунин тасмимро бо мулоҳизаҳои ҳифзи бозори дохилӣ шарҳ доданд. Илова бар ин, гуфта мешавад, ки ин кишвар барои содироти чорвои калону хурд квота ҷорӣ хоҳад кард. "Қарор қабул карда шуд, ки барои содироти гов ба андозаи 60 ҳазор сар ё 9 фоизи саршумори умумии чорво, инчунин 120 ҳазор сар қӯчқор, ё 10 фоизи саршумори умумии чорво квота муқаррар карда шавад", - омадааст дар изҳорот.Ёдовар мешавем, ки манъи содироти чорво аз Қазоқистон аз 21 январ то 21 июли соли 2022 амал мекард.
https://sputnik.tj/20220713/tojikiston-kohishyobii-voridoti-gandum-istehsoli-ord-1049957950.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102983/87/1029838708_346:0:1574:921_1920x0_80_0_0_5e933984c6557aa84adfcb81c0389f97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
орд қазоқистон дастрас содирот лағв
орд қазоқистон дастрас содирот лағв
Орди Қазоқистон дастрастар мешавад: кишвар манъи содиротро лағв мекунад
15:32 01.09.2022 (Навсозишуда: 20:46 05.09.2022) Бузургтарин тавлидкунандаи ғалла дар Осиёи Марказӣ дар авоили тирамоҳи соли ҷорӣ маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда барои содироти орд ва ғалларо лағв мекунад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Қазоқистон маҳдудиятҳои содироти гандум ва ордро лағв мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии кобинаи вазирони ҷумҳурӣ.
Маҳдудиятҳо аз 10 сентябр бардошта мешаванд.
Вазорати кишоварзии ин кишвар қайд кардааст, ки дар мавсими имсола ҳосили хуби ғалла дар назар аст.
"Имсол ҷамъоварии беш аз 13 миллион тонна гандум дар назар аст, ки нисбат ба ҳосили соли гузашта 12 фоиз зиёд аст", - гуфт манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки вазорат дар моҳи апрели соли равон содироти гандум ва ордро маҳдуд карда буд. Баъдан чунин тасмимро бо мулоҳизаҳои ҳифзи бозори дохилӣ шарҳ доданд.
Илова бар ин, гуфта мешавад, ки ин кишвар барои содироти чорвои калону хурд квота ҷорӣ хоҳад кард.
"Қарор қабул карда шуд, ки барои содироти гов ба андозаи 60 ҳазор сар ё 9 фоизи саршумори умумии чорво, инчунин 120 ҳазор сар қӯчқор, ё 10 фоизи саршумори умумии чорво квота муқаррар карда шавад", - омадааст дар изҳорот.
Ёдовар мешавем, ки манъи содироти чорво аз Қазоқистон аз 21 январ то 21 июли соли 2022 амал мекард.