https://sputnik.tj/20220901/khonanda-omuzgor-vazi-maorif-tojikiston-1051096171.html
Беш аз 2 млн хонандаву ҳудуди 130 ҳазор омӯзгор: вазъи маориф дар Тоҷикистон
Беш аз 2 млн хонандаву ҳудуди 130 ҳазор омӯзгор: вазъи маориф дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф мегӯяд айни замон дар мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд
2022-09-01T17:00+0500
2022-09-01T17:00+0500
2022-09-05T20:40+0500
тасвирбаён
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
толибилм
омӯзгор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051086720_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_3d816b71108438f21f3701c769b74774.png
Сардори маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, ки 1 сентябр ҳудуди 4 ҳазор муассисаи таълимӣ дари худро ба рӯи хонандагон боз мекунанд, ки дар онҳо беш аз 2 миллион нафар таҳсил карда, ҳудуди 130 ҳазор омӯзгор ба онҳо дарс медиҳанд.Вай тавзеҳ дод, ки соли 2022 беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад. Аксарияти онҳо дар муассисаҳои таълимии навбунёд таҳсил хоҳанд кард.Ҳамчунин, дар Рӯзи дониш дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ ифтитоҳ мешавад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгиранд.Ба ин мактабҳо аллакай директорҳо таъйин шуда, 356 нафар омӯзгорони фаннӣ ба кор гирифта шудаанд ва 25 дарсад омӯзгорон аз Русия меоянд.Баргузории Дарси сулҳ дар мактабҳои Тоҷикистон дар Рӯзи донишИнчунин, Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ хабар дод, ки дар вилоят қариб 130 нафар омӯзгорон соҳиби ҷойи кор шуданд.Ба гуфтаи ӯ, омӯзгорон дар ярмаркаи ҷойҳои холӣ, ки қабл аз оғози соли таҳсил баргузор шуд, ҷойи кор пайдо карданд.Дастури Раҳмон барои тағйири низоми баҳогузорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон: чӣ гуна мешавад?“Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 21 нафар, Ҷаббор Расулов 33 нафар, Исфара 20, Мастчоҳ 20, Деваштич 18, Шаҳристон 15 ва дар шаҳри Бӯстон 1 омӯзгор роҳхат дарёфт намуда дар мактабҳо бо кори доимӣ таъмин гардиданд”, — илова намуд ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051086720_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_46114b60bb21933098c8fef9f7599f2b.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хонанда, омӯзгор, вазъ, маориф, мактаб, фаълият
тоҷикистон, хонанда, омӯзгор, вазъ, маориф, мактаб, фаълият
Беш аз 2 млн хонандаву ҳудуди 130 ҳазор омӯзгор: вазъи маориф дар Тоҷикистон
17:00 01.09.2022 (Навсозишуда: 20:40 05.09.2022) Вазорати маориф мегӯяд, айни замон дар мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамояд
Сардори маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, ки 1 сентябр ҳудуди 4 ҳазор муассисаи таълимӣ дари худро ба рӯи хонандагон боз мекунанд, ки дар онҳо беш аз 2 миллион нафар таҳсил карда, ҳудуди 130 ҳазор омӯзгор ба онҳо дарс медиҳанд.
Вай тавзеҳ дод, ки соли 2022 беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад. Аксарияти онҳо дар муассисаҳои таълимии навбунёд таҳсил хоҳанд кард.
Ҳамчунин, дар Рӯзи дониш дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ ифтитоҳ мешавад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгиранд.
Ба ин мактабҳо аллакай директорҳо таъйин шуда, 356 нафар омӯзгорони фаннӣ ба кор гирифта шудаанд ва 25 дарсад омӯзгорон аз Русия меоянд.
Инчунин, Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ хабар дод, ки дар вилоят қариб 130 нафар омӯзгорон соҳиби ҷойи кор шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, омӯзгорон дар ярмаркаи ҷойҳои холӣ, ки қабл аз оғози соли таҳсил баргузор шуд, ҷойи кор пайдо карданд.
“Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 21 нафар, Ҷаббор Расулов 33 нафар, Исфара 20, Мастчоҳ 20, Деваштич 18, Шаҳристон 15 ва дар шаҳри Бӯстон 1 омӯзгор роҳхат дарёфт намуда дар мактабҳо бо кори доимӣ таъмин гардиданд”, — илова намуд ӯ.