https://sputnik.tj/20220901/dustona-tanqid-putin-vada-rahmon-video-1051102471.html
"Дӯстона танқид кард": Путин ваъдаи куҳна ба Раҳмонро ёдовар шуд- видео
"Дӯстона танқид кард": Путин ваъдаи куҳна ба Раҳмонро ёдовар шуд- видео
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари давлат аз интиқоди дӯстонаи ҳамтои тоҷикаш гуфт: Раҳмон зарурати таваҷҷӯҳи бештар ба ҳамкориҳои башардӯстонаро қайд кард
2022-09-01T19:19+0500
2022-09-01T19:19+0500
2023-02-08T19:44+0500
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
дар тоҷикистон
маориф
ҳамкорӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051102168_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_46e8231574c488387fa542e6d31cdc08.jpg
Дар ҷараёни ифтитоҳи фосилавии панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз суҳбати деринаи ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Ӯ қайд кард, ки онҳо ҳанӯз соли 2019 дар мавриди татбиқи ин лоиҳа ба мувофиқа расидаанд ва тӯли се сол онро "таҳти назорати доимӣ" гирифтаанд. Ёдовар мешавем, ки мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Кӯлоб ва Турсунзода кушода шуданд. Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба забони русӣ дар Тоҷикистон гуфтДар ҳар кадоми онҳо зиёда аз 1200 нафар кӯдакон метавонанд дониш омӯзанд. Дар мактабҳо муаллимони русӣ дарс хоҳанд дод ва барномаи таълимӣ махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст. Муассисаҳои таълимӣ номи шахсиятҳои барчастаи рус, ходимони илм ва маданиятро гирифтанд. Ҳамин тариқ, мактаб дар Душанбе ба номи нахустин кайҳоннавард Юрий Гагарин ва мактаби Бохтар ба номи Михаил Ломоносов гузошта шуд. Раҳмон соли 2023-ро дар Тоҷикистон Соли забони русӣ эълон кардЯк муассисаи таълимӣ дар Турсунзода ба шарафи Дмитрий Менделеев, дар Кӯлоб ба ифтихори Константин Ушинский номгузорӣ шуд. Мактаби шаҳри Хуҷанд ба номи Антон Чехов номгузорӣ шуд. Ёдовар мешавем, ки Русия ва Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва таҷҳизонидани моддию техникии мактабҳо дар соли 2019 созишнома имзо карданд. Барои ин Маскав ҳудуди 150 миллион доллар ҷудо кардааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051102168_324:0:3055:2048_1920x0_80_0_0_cf097ece0425f601435fd2e3af947ff4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин ваъда раҳмон ёдовар видео
путин ваъда раҳмон ёдовар видео
"Дӯстона танқид кард": Путин ваъдаи куҳна ба Раҳмонро ёдовар шуд- видео
19:19 01.09.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Сарвари давлат аз интиқоди дӯстонаи ҳамтои тоҷикаш гуфт: Раҳмон зарурати таваҷҷуҳи бештар ба ҳамкориҳои башардӯстонаро қайд кард
Дар ҷараёни ифтитоҳи фосилавии панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз суҳбати деринаи ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Ӯ қайд кард, ки онҳо ҳанӯз соли 2019 дар мавриди татбиқи ин лоиҳа ба мувофиқа расидаанд ва тӯли се сол онро "таҳти назорати доимӣ" гирифтаанд.
"Дар ёд дорам, ки он вақт Эмомалӣ Шарипович дӯстона маро танқид карда буд, ки ба самтҳои ҳамкориҳои башардӯстона аҳамият надодаам. Эмомалӣ Шарипович, дар ин самт мо ислоҳ шуда истодаем", - гуфт Путин бо табассум.
Ёдовар мешавем, ки мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Кӯлоб ва Турсунзода кушода шуданд.
Дар ҳар кадоми онҳо зиёда аз 1200 нафар кӯдакон метавонанд дониш омӯзанд. Дар мактабҳо муаллимони русӣ дарс хоҳанд дод ва барномаи таълимӣ махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст.
Муассисаҳои таълимӣ номи шахсиятҳои барчастаи рус, ходимони илм ва маданиятро гирифтанд.
Ҳамин тариқ, мактаб дар Душанбе ба номи нахустин кайҳоннавард Юрий Гагарин ва мактаби Бохтар ба номи Михаил Ломоносов гузошта шуд.
Як муассисаи таълимӣ дар Турсунзода ба шарафи Дмитрий Менделеев, дар Кӯлоб ба ифтихори Константин Ушинский номгузорӣ шуд. Мактаби шаҳри Хуҷанд ба номи Антон Чехов номгузорӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия ва Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва таҷҳизонидани моддию техникии мактабҳо дар соли 2019 созишнома имзо карданд. Барои ин Маскав ҳудуди 150 миллион доллар ҷудо кардааст.