СММ: Фақр дар Афғонистон амиқтар мешавад; толибон буҷа барои оянда надоранд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкФлаг ООН
Флаг ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2022
Обуна шудан
Муовини дабири кулли СММ гуфт, фақр дар Афғонистон дар ҳоли амиқтар шудан аст ва ҷаҳон бояд бархе кумакҳои инкишофиро дар ин кишвар аз сар бигиранд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Созмони Миллали Муттаҳидро сарзадани буҳрони башарӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон нигарон кардааст.
Мартин Грифитс, муовини дабири кули СММ дар умури ҳамоҳангии кумакҳои башарӣ гуфтааст, ки фақр дар Афғонистон амиқтар мешавад, ҷамъияти дарҳолӣ афзоиш меёбад ва толибони буҷет барои оянда худ надоранд.
“Барои мо возеҳ шудааст то бахше аз ниёзҳои инкишофӣ аз сар гирифта шавад",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, Афғонистон на танҳо бо буҳрони башарӣ мувоҷеҳ аст балки бо буҳронҳои мутаъаддид аз ҷумлаи буҳрони иқтисодӣ, иқлимӣ, гуруснагӣ ва буҳронии молӣ мувоҷеҳ аст ва вазифаи мо инаст то ба онон кумак кунем то ба рифоҳ ва шукуфоӣ барисанд ва дар амон бошанд.
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2022
Русия: ИМА мехоҳад хатоҳои худро дар Афғонистон аз ҷайби дигарон ҷуброн кунад
Ба гуфта оқои Грифитс дар ҳоли ҳозир, барномаи посухи башарӣ барои Афғонистон бо касри буҷети 3,14 миллиарддолларӣ мувоҷеҳаст, ки аз он ҷумла ниёзи оҷил ба 600 миллион доллар аст то барои увлавиятҳои зимистон омодагӣ гирифта шавад ва ин кумакҳо бояд зарфи се моҳи оянда фароҳам шавад.
Грифитс ҳушдор дод, ки бо фаро расидани зимистон, вазъият дар Афғонистон вахимтар хоҳад шуд, зеро қимати маводи хурокӣ ва сӯхт аз қабл дар ин кишвар афзоиш ёфтааст ва бо сард шудани ҳаво қиматҳо ба осмонӣ хоҳад расид.
Грифитс бо ишора ба вазъияти кунунӣ дар Афғонистон гуфта, ин кишвар аз дер муддатзамон ба ин ба шиддати вобаста ба кумакҳои инкишофии ҷомеъаи байналмилалӣ будааст кумакҳое, ки пас аз мусаллат шудани толибон дар августи соли 2021 қатъ шуд.
Грифитс бори дигар таъкид кард, ки беш аз 50 дарсад ҷамъияти Афғонистон беш аз 24 миллион нафар ба кумакҳои башарӣ ниёзманд ҳастанд тахминан се миллион кӯдак аз сӯйи тағзия ҳод ранҷ мебаранд, ки аз он ҷумла бар асоси тахмин, беш як миллион кӯдак бо сӯйи тағзияи шадид дасту панҷа нарм мекунанд ва агар ба хадамоти сиҳӣ муносиби дастрасӣ пайдо накунанд, онон мумкин бо таҳдиди марг мувоҷеҳ шаванд.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2022
Толибҳо гуфтанд, бесарнишинҳои амрикоӣ аз куҷо вориди Афғонистон мешаванд
Масъули СММ афзуд, ки шаш миллион ҷамъияти Афғонистон бо хатари қаҳтӣ мувоҷеҳанд.
Ин мақомдори СММ гуфт, ки 25 миллион ҷамъияти Афғонистон дар фақр зиндагӣ мекунанд.
“Мардуми 75 дарсад даромадашонро сарфи мавод хӯрокӣ мекунанд. Хонаводаҳое, ки даромад доранд, оидашон 50 дарсад коҳиш ёфтааст, мизони бекорӣ мумкин ба 40 дарсад бирасад, таварруми пулӣ ба далелии афзоиши қиматҳо дар ҷаҳону коҳиши воридот афзоиш ёфтааст.
Ӯ аз толибони хоста то ба ҳуқуқи шаҳрвандони Афғонистон ба хусус занону духтарон эҳтиром бигузорад, гурӯҳе, ки фаъолияти иҷтимоӣ ва иқтисодии занон ва духтаронро маҳдӯд карда ва ҳатто духтарон болотар аз синфи шашумро аз ҳақи идомаи омӯзиш маҳрум кардааст.
Лентаи хабарҳо
0