Интиқоли аҷсоди муҳоҷирини тоҷик аз Самара ба Тоҷикистон

© Sputnik Посольство Республики Таджикистан в РФ
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2022
Обуна шудан
Мақомот дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти тоҷикони Самара аҷсоди муҳоҷирони тоҷикеро, ки дар як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, ба Ватан баргардонданд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон аз интиқоли се ҷасади шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Душанбе, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар Самара ба ҳалокат расиданд, хабар дод.
Сафорати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки хароҷоти интиқоли аҷсоди ин муҳоҷиронро консулгарии Тоҷикистон дар Уфа дар ҳамкорӣ бо раиси Ҷамъияти тоҷикони Самара бар дӯш гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар як садамаи мудҳиш дар ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия ба ҳалокат расиданд.
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Сафорат аз ҷон бохтани се муҳоҷири дигар дар вилояти Самараи Русия хабар дод
Фоҷеа дар 925 километрии шоҳроҳи М5 “Урал” дар ндар наздикии деҳаи Печерское рух додааст.
Мошини сабукрави “Киа-Рио” ба як мошини боркаши тамғаи “MAN” бо қариб 20 тонна орд бархӯрдааст.
Се мусофири мошини сабукрав ҷон бохта, ронанда ва як мусофири дигараш бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ гардидаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дода буд, дар мавриди ба фавти се нафар ҷавони тоҷик, ки субҳи 29 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Сизрани вилояти Самара бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, дар ҷараён аст.
Лентаи хабарҳо
0