https://sputnik.tj/20220831/polkovnik-sardori-peshin-milisai-khorugh-1051071279.html
Полковник миёни генералҳо: орден ва вазифаи нави сардори пешини милиса дар Хоруғ
Полковник миёни генералҳо: орден ва вазифаи нави сардори пешини милиса дар Хоруғ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳолномаи полковник Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон, муовини навтаъйини вазир дар ин ниҳодро нашр кардааст
2022-08-31T16:36+0500
2022-08-31T16:36+0500
2022-09-01T13:01+0500
дар тоҷикистон
орден
муовин
вазир
хоруғ
милиса
таъйинот
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1f/1051070444_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_bc3d4e7ecc5a13548e8fa7e3326d68c5.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Полковник Абдураҳмон Муборакқадамзода, ки ахиран муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд, бо фармони президенти кишвар инчунин бо орден низ қадрдонӣ гардидааст. Бар асоси ҳолномаи расмӣ, ки ВКД нашр кардааст, Муборакқадамзода то таъйинаш ба мақоми муовини вазир - то ҳафтаи қабл сардори милиса дар шаҳри Хоруғ буд. Муборакқадамзода аз 17-уми августи соли равон ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд, феълан ягона полковник миёни муовинони вазири корҳои дохилӣ мебошад, ки ҳама генераланд.Ӯ, ки 15-уми сентябри соли равон 51-солагияшро таҷлил мекунад, аз соли 1994 дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дорад. Зикр гардидаст, ки Муборакқадамзода корашро дар ин ниҳод аз ҳайати қаторӣ – нозири хадамоти патрулӣ-пайроҳадории РВКД дар ВМКБ шурӯъ намуда, баъдан дар идораи милисаи ноҳияи Бобоҷони Ғафурови Суғд фаъолият доштаст. "Соли 2004 ба Адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дохил шуда, соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи "Ташкили ҷустуҷӯи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бомуваффақият ҳимоя намудааст", - омадааст дар матлаб. Баъдан боз ба кор дар вилояти Суғд гузашта, аз моҳи апрели соли 2014 то соли 2015 муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, соли 2015 муовини сардори РВКД дар ВМКБ оид ба корҳои оперативӣ, соли 2016 муовини сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, солҳои 2017-2018 муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд ва солҳои 2018-2022 сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ адои вазифа намудааст.Бар асоси ҳолнома, ӯ дар баробари мукофотҳои ВКД, ҳамчунин бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, бо мукофотҳои давлатӣ - медали "Ҷасорат" ва ордени “Спитамен” дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.
https://sputnik.tj/20220831/general-nav-khf-rutba-1051060553.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1f/1051070444_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_b0a1e16d962526dd4695c8bb5bc7ac8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
орден, вазифа, сардор, хоруғ
орден, вазифа, сардор, хоруғ
Полковник миёни генералҳо: орден ва вазифаи нави сардори пешини милиса дар Хоруғ
16:36 31.08.2022 (Навсозишуда: 13:01 01.09.2022) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳолномаи полковник Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон, муовини навтаъйини вазир дар ин ниҳодро нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Полковник Абдураҳмон Муборакқадамзода, ки ахиран муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд, бо фармони президенти кишвар инчунин бо орден низ қадрдонӣ гардидааст.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, ки ВКД нашр кардааст, Муборакқадамзода то таъйинаш ба мақоми муовини вазир - то ҳафтаи қабл сардори милиса дар шаҳри Хоруғ буд.
Муборакқадамзода аз 17-уми августи соли равон ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд, феълан ягона полковник миёни муовинони вазири корҳои дохилӣ мебошад, ки ҳама генераланд.
Ӯ, ки 15-уми сентябри соли равон 51-солагияшро таҷлил мекунад, аз соли 1994 дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Зикр гардидаст, ки Муборакқадамзода корашро дар ин ниҳод аз ҳайати қаторӣ – нозири хадамоти патрулӣ-пайроҳадории РВКД дар ВМКБ шурӯъ намуда, баъдан дар идораи милисаи ноҳияи Бобоҷони Ғафурови Суғд фаъолият доштаст.
"Соли 2004 ба Адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дохил шуда, соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи "Ташкили ҷустуҷӯи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бомуваффақият ҳимоя намудааст", - омадааст дар матлаб.
Баъдан боз ба кор дар вилояти Суғд гузашта, аз моҳи апрели соли 2014 то соли 2015 муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, соли 2015 муовини сардори РВКД дар ВМКБ оид ба корҳои оперативӣ, соли 2016 муовини сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, солҳои 2017-2018 муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд ва солҳои 2018-2022 сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ адои вазифа намудааст.
Бар асоси ҳолнома, ӯ дар баробари мукофотҳои ВКД, ҳамчунин бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, бо мукофотҳои давлатӣ - медали "Ҷасорат" ва ордени “Спитамен” дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.