https://sputnik.tj/20220831/dars-rahmon-behbudi-talim-dushanbe-1051055561.html
Дарс зери дурбин: дастури Раҳмон барои беҳбуди сифати таълим дар Душанбе
Дарс зери дурбин: дастури Раҳмон барои беҳбуди сифати таълим дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар мактаби навбунёд дар маркази шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон аз омӯзгорон даъват намуд, ки барои беҳбуди сифати таълим талош кунанд
2022-08-31T09:48+0500
2022-08-31T09:48+0500
2022-09-01T13:11+0500
дар тоҷикистон
маориф
таълим
дарс
эмомалӣ раҳмон
мактаб
сифат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009601_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_30715fa294094f66f3bb9f6edf25e3d2.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави мактаби №12-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сохтмони бинои нав бо маблағгузории ҳукумати Душанбе сурат гирифта, барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Манбаъ зикр намудаст, ки бинои қаблии ин мактаб дар ҳолати ногувор қарор дошт ва пурра бартараф карда шуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандинсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва набудани шароити мусоиди таълим ҳалли худро ёфт, афзуд дафтари матбуотии раисҷумҳур. Тавзеҳ дода шудаст, ки бинои асосии мактаб, ки аз се ошёна иборат аст, дорои 30 синфхона ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад. Дар ин муассиса 73 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим ба воситаи 90 камераи мушоҳидавӣ, ки дар тамоми синфхонаҳо васлу насб карда шудааст, пурра назорат карда мешавад.Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ҳайати омӯзгоронро барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон даъват кард. Зикр гардидаст, ки таъминот бо технологияи инноватсионӣ ва ба роҳ мондани роҳу усулҳои пешрафтаи таълим, бешубҳа, ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат мекунад. Дар зимн иттилоъ дода шудаст, ки соли равон мактаби мазкурро 60 нафар хатм намудаанд, ки 56 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат шомил шуданд. Ин нишондод дар қиёс бо дигар муассисаҳои таълимӣ хуб арзёбӣ мегардад.Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудаст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони мактабҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220721/khatlon-maktab-bunyod-megardad-1050155000.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009601_128:0:1945:1363_1920x0_80_0_0_01b87b51babbf0145d276a33dbe60f67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, раҳмон, беҳбуд, сифат, таълим, душанбе
дастур, раҳмон, беҳбуд, сифат, таълим, душанбе
Дарс зери дурбин: дастури Раҳмон барои беҳбуди сифати таълим дар Душанбе
09:48 31.08.2022 (Навсозишуда: 13:11 01.09.2022) Дар мактаби навбунёд дар маркази шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон аз омӯзгорон даъват намуд, ки барои беҳбуди сифати таълим талош кунанд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави мактаби №12-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сохтмони бинои нав бо маблағгузории ҳукумати Душанбе сурат гирифта, барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Манбаъ зикр намудаст, ки бинои қаблии ин мактаб дар ҳолати ногувор қарор дошт ва пурра бартараф карда шуд.
Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандинсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва набудани шароити мусоиди таълим ҳалли худро ёфт, афзуд дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тавзеҳ дода шудаст, ки бинои асосии мактаб, ки аз се ошёна иборат аст, дорои 30 синфхона ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад.
Дар ин муассиса 73 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим ба воситаи 90 камераи мушоҳидавӣ, ки дар тамоми синфхонаҳо васлу насб карда шудааст, пурра назорат карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ҳайати омӯзгоронро барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон даъват кард.
Зикр гардидаст, ки таъминот бо технологияи инноватсионӣ ва ба роҳ мондани роҳу усулҳои пешрафтаи таълим, бешубҳа, ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат мекунад.
Дар зимн иттилоъ дода шудаст, ки соли равон мактаби мазкурро 60 нафар хатм намудаанд, ки 56 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат шомил шуданд. Ин нишондод дар қиёс бо дигар муассисаҳои таълимӣ хуб арзёбӣ мегардад.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудаст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони мактабҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.