https://sputnik.tj/20220721/khatlon-maktab-bunyod-megardad-1050155000.html
То соли 2028 дар Хатлон 350 мактаби нав бунёд мегардад
То соли 2028 дар Хатлон 350 мактаби нав бунёд мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон хабар додааст, ки то соли 2028 барои бунёди 350 мактаб дар вилоят беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст
2022-07-21T16:00+0500
2022-07-21T16:00+0500
2022-07-21T17:31+0500
дар тоҷикистон
маориф
хатлон
мактаб
бунёд
омӯзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/64/1029756444_0:300:3082:2034_1920x0_80_0_0_fd198f39a691ce393f90100b1879ba84.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ахиран дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар доираи Барномаи нави рушди соҳаи маориф барои то соли 2028, дар вилоят бунёди 350 муассисаи таълимӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудаанд.Вай қайд кардааст, ки панҷ мактаб аз вагонҳо бароварда шуда, хонандагон акнун дар биноҳои муносиби таълимӣ дарс мехонанд.Ҳамзамон сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки дар шаш моҳи соли равон мушкилоти 7 муассисаи таълимӣ, ки дар се баст дарс дода мешуд, бартараф гардид.Номбурда зикр кардааст, ки нишасти мазкур аз лиҳози ташкили кор дар сатҳи матлуб доир гардида истодааст.Ёдрас мешавем, ки қаблан вазорати маорифи Тоҷикистон хабар дода буд, ки то соли 2026-ум дар Тоҷикистон бунёди 1 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода хоҳанд шуд."Соли 2022 дар кишвар 302 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ навсозӣ мешаванд. Дар 6 моҳи соли равон 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуданд", - иттилоъ додааст Вазорат.Дар шаҳри Душанбе то оғози соли нави таҳсил ифтитоҳи 11 муассисаи нав дар нақша аст.Ба иттилои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128,8 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд.
https://sputnik.tj/20220720/tasdiq-naqsha-maktabsozi-tojikiston-1050129723.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/64/1029756444_237:0:2968:2048_1920x0_80_0_0_d1e6cc120fa750df81a5f1ae04e2a334.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маориф, мактаб, сохтмон, бунёд, хатлон
тоҷикистон, маориф, мактаб, сохтмон, бунёд, хатлон
То соли 2028 дар Хатлон 350 мактаби нав бунёд мегардад
16:00 21.07.2022 (Навсозишуда: 17:31 21.07.2022) Мақомоти Хатлон хабар додаанд, ки то соли 2028 барои бунёди 350 мактаб дар вилоят беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ахиран дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар доираи Барномаи нави рушди соҳаи маориф барои то соли 2028, дар вилоят бунёди 350 муассисаи таълимӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Вай қайд кардааст, ки панҷ мактаб аз вагонҳо бароварда шуда, хонандагон акнун дар биноҳои муносиби таълимӣ дарс мехонанд.
Ҳамзамон сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки дар шаш моҳи соли равон мушкилоти 7 муассисаи таълимӣ, ки дар се баст дарс дода мешуд, бартараф гардид.
Номбурда зикр кардааст, ки нишасти мазкур аз лиҳози ташкили кор дар сатҳи матлуб доир гардида истодааст.
“Тамоми фаъолияти мо ба беҳсозии сатҳу сифати таълим, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, такмили ихтисоси омӯзгорон равона хоҳад шуд”, - афзуд сардори Раёсати маорифи вилоят.
Ёдрас мешавем, ки қаблан вазорати маорифи Тоҷикистон хабар дода буд, ки то соли 2026-ум дар Тоҷикистон бунёди 1 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.
"Соли 2022 дар кишвар 302 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ навсозӣ мешаванд. Дар 6 моҳи соли равон 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуданд", - иттилоъ додааст Вазорат.
Дар шаҳри Душанбе то оғози соли нави таҳсил ифтитоҳи 11 муассисаи нав дар нақша аст.
Ба иттилои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128,8 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд.