https://sputnik.tj/20220830/sokhtmon-markazhoi-khizmatrasoni-muhojiron-tojikiston-1051032715.html
Оғози сохтмони Марказҳои хидматрасонӣ барои муҳоҷирони Тоҷикистон
Оғози сохтмони Марказҳои хидматрасонӣ барои муҳоҷирони Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯяд, Марказҳои мазкур барои коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва дарёфти ҷойи кори муносиб ба ҷавонон кумаку мусоидат хоҳад кард
2022-08-30T15:24+0500
2022-08-30T15:24+0500
2022-09-01T13:35+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷир
марказ
хизматрасонӣ
муҳоҷират
вазорати меҳнат
мусоидат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051032414_0:63:2048:1215_1920x0_80_0_0_34f5a6d342b703ae79260f8a6a610856.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Мақомот аз оғози сохтмони марказҳои хидматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ хабар доданд.Тавре дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ки сохтмони ин марказҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” барои коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва кумак ба ҷавонон дар дарёфти ҷойи кори муносиб ба нақша гирифта шудааст.Айни замон дар бинои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар корҳои хиштчинӣ, бетонрезии сутуну роҳравҳо идома дорад.“Тибқи лоиҳа 3 ошёна буда, аз ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, 3 ҳуҷраи машваратӣ, толори бисёрвазифавӣ, 8 синфхонаи махсус, толори тренингҳо, ҳуҷраҳои кории роҳбарият, омӯзгорон ва дигар кормандон, китобхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои техникӣ иборат мебошад”, - иттилоъ додааст вазорат.Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар назди марказ устохонаи таълимӣ барои касбҳои пардозгар, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд.Таъкид шудааст, ки дар ин Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон вобаста ба баланд бардошти сатҳи саводнокии муҳоҷирон дар соҳаи ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо семинар ва тренингҳои дахлдор гузаронида шуда, муқаррароти асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии дахлдор омӯзонида мешавад.
https://sputnik.tj/20220827/medvedev-taghyiri-qonuni-muhojirati-khabar-dod-1050977077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051032414_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_5fdd39390370bddd2e024b70158d885c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маркази хизматрасонӣ, муҳоҷират, ҷойи кор, ҷавонон, кумак, муҳоҷирон
тоҷикистон, маркази хизматрасонӣ, муҳоҷират, ҷойи кор, ҷавонон, кумак, муҳоҷирон
Оғози сохтмони Марказҳои хидматрасонӣ барои муҳоҷирони Тоҷикистон
15:24 30.08.2022 (Навсозишуда: 13:35 01.09.2022) Мақомот мегӯянд, Марказҳои мазкур барои коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва дарёфти ҷойи кори муносиб ба ҷавонон кумаку мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Мақомот аз оғози сохтмони марказҳои хидматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ хабар доданд.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ки сохтмони ин марказҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” барои коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва кумак ба ҷавонон дар дарёфти ҷойи кори муносиб ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон дар бинои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар корҳои хиштчинӣ, бетонрезии сутуну роҳравҳо идома дорад.
“Тибқи лоиҳа 3 ошёна буда, аз ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, 3 ҳуҷраи машваратӣ, толори бисёрвазифавӣ, 8 синфхонаи махсус, толори тренингҳо, ҳуҷраҳои кории роҳбарият, омӯзгорон ва дигар кормандон, китобхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои техникӣ иборат мебошад”, - иттилоъ додааст вазорат.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар назди марказ устохонаи таълимӣ барои касбҳои пардозгар, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд.
Таъкид шудааст, ки дар ин Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон вобаста ба баланд бардошти сатҳи саводнокии муҳоҷирон дар соҳаи ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо семинар ва тренингҳои дахлдор гузаронида шуда, муқаррароти асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии дахлдор омӯзонида мешавад.