https://sputnik.tj/20220827/medvedev-taghyiri-qonuni-muhojirati-khabar-dod-1050977077.html
Медведев аз тағйири Қонуни муҳоҷират хабар дод
Медведев аз тағйири Қонуни муҳоҷират хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, ки ба наздики дар Русия ба қонуни муҳоҷиратӣ тағйироти ҷидӣ сурат мегирад
2022-08-27T14:30+0500
2022-08-27T14:30+0500
2023-02-08T19:44+0500
муҳоҷират
қонун
тағйирот
дмитрий медведев
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/04/1050488055_0:0:3094:1740_1920x0_80_0_0_0e8516b9f81e276c10e753a457ed7efc.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар моҳи сентябри соли равон ҷаласаи Шӯрои амниятро дар бораи мушкилот дар сиёсати муҳоҷиратии Русия баргузор мекунад, гуфт дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия. Оқои Медведев ёдовар шуд, ки дар ҳоли ҳозир "тарҳи қавонини фарогир" омода мешавад, ки шароити будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Русия танзим мекунад.“Моҳи сентябри соли равон ин масоил дар ҷаласаи бузурги Шӯрои амният, ки ба сиёсати муҳоҷиратӣ бахшида мешавад, пешниҳод хоҳанд шуд. Бинобар ин лоиҳаи нави қонуни фарогир омода мешавад, ки бояд шароити вуруд, хуруҷ ва будубоши хориҷиёнро дар Русия танзим намояд”, - шарҳ дод Дмитрий Медведев.Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ дар бораи ин тарҳи қонунро эълон карда буд. Сипас тавзеҳ дод, ки вай аз таъсиси феҳристи ягонаи маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ворид мешаванд, ҷонибдорӣ мекунад ва ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки созишномаҳои байналмилалии мавҷударо таҳлил карда, "мутобиқати онҳо ба ин қонун тағйирот ворид намоянд".Дмитрий Медведев дар соли гузашта низ дар бораи зарурати тағйири сиёсати муҳоҷират гуфта буд. Вай дар суҳбатҳояш ба афзоиши ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон низ ишора карда буд.
https://sputnik.tj/20220331/putin-gharb-buhron-muhojirat-1047251558.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/04/1050488055_297:0:3026:2047_1920x0_80_0_0_07febeee61570f000c49839b1c45f203.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, қонуни муҳоҷират, тағйирот, вуруд, хориҷ, дмитрий медведев
русия, қонуни муҳоҷират, тағйирот, вуруд, хориҷ, дмитрий медведев
Медведев аз тағйири Қонуни муҳоҷират хабар дод
14:30 27.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, ки ба наздикӣ дар Русия Қонуни муҳоҷират мавриди тағйироти ҷиддӣ қарор хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар моҳи сентябри соли равон ҷаласаи Шӯрои амниятро дар бораи мушкилот дар сиёсати муҳоҷиратии Русия баргузор мекунад, гуфт дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия.
Оқои Медведев ёдовар шуд, ки дар ҳоли ҳозир "тарҳи қавонини фарогир" омода мешавад, ки шароити будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Русия танзим мекунад.
“Моҳи сентябри соли равон ин масоил дар ҷаласаи бузурги Шӯрои амният, ки ба сиёсати муҳоҷиратӣ бахшида мешавад, пешниҳод хоҳанд шуд. Бинобар ин лоиҳаи нави қонуни фарогир омода мешавад, ки бояд шароити вуруд, хуруҷ ва будубоши хориҷиёнро дар Русия танзим намояд”, - шарҳ дод Дмитрий Медведев.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ дар бораи ин тарҳи қонунро эълон карда буд. Сипас тавзеҳ дод, ки вай аз таъсиси феҳристи ягонаи маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ворид мешаванд, ҷонибдорӣ мекунад ва ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки созишномаҳои байналмилалии мавҷударо таҳлил карда, "мутобиқати онҳо ба ин қонун тағйирот ворид намоянд".
Дмитрий Медведев дар соли гузашта низ дар бораи зарурати тағйири сиёсати муҳоҷират гуфта буд. Вай дар суҳбатҳояш ба афзоиши ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон низ ишора карда буд.