https://sputnik.tj/20220828/tolib--dronhoi-amrikoi-afghoniston-1050990919.html
Толибҳо гуфтанд, бесарнишинҳои амрикоӣ аз куҷо вориди Афғонистон мешаванд
Толибҳо гуфтанд, бесарнишинҳои амрикоӣ аз куҷо вориди Афғонистон мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Толибҳо, ки қаблан парвози бесарнишинҳои амрикоиро дар қаламрави Афғонистон таъйид карданд, тавзеҳ доданд, ки аз куҷо онҳо ворид мешаванд
2022-08-28T17:17+0500
2022-08-28T17:17+0500
2022-08-29T16:41+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
толиб
ҳамкорӣ
ҳавопаймои бесарнишин
покистон
толиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050623526_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_78be3d4f3a7880c17ff99564c4dfe0e5.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Толибҳо Покистонро дар он айбдор намуданд, ки бесарнишинҳои амрикоӣ аз тариқи хоки он вориди Афғонистон мешаванд. Ин нуктаро Муҳаммад Яъқуб, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи ҳукумати толибҳо зимни нишасти матбуотӣ дар Кобул баён дошт. Ӯ аз Покистон даъват намудаст, ки қаламравашро алайҳи Афғонистон истифода накунад. Қаблан Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибҳо парвози бесарнишинҳои амрикоиро дар Афғонистон нақзи ҳарими ҳавоии кишвар хонд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар дода буд, ки аз тариқи бесарнишинҳо дар Кобул ҳраҳбари "Ал Қоида"* Айман Аззавоҳириро куштааст. Ин ҳамларо ду мушаки "Hellfire" ("Дӯзах") анҷом додааст, ки аз ҳавопаймои бесарнишин ба балкони як хона дар Кобул партоб шудаанд, ки дар ин вақт худи Завоҳирӣ дар он ҷой буд.Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20220827/dargirii-marzbononi-tojikiston-bo-qochoqchiyoni-afghon--1050983294.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050623526_81:0:2812:2048_1920x0_80_0_0_f84f9a0dbf754d485a0b41b3633a7e44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толиб, покистон, ҳамла, ҳамкорӣ, муттаҳам, има
толиб, покистон, ҳамла, ҳамкорӣ, муттаҳам, има
Толибҳо гуфтанд, бесарнишинҳои амрикоӣ аз куҷо вориди Афғонистон мешаванд
17:17 28.08.2022 (Навсозишуда: 16:41 29.08.2022) Толибҳо, ки қаблан парвози бесарнишинҳои амрикоиро дар қаламрави Афғонистон таъйид карданд, тавзеҳ доданд, ки аз куҷо онҳо ворид мешаванд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Толибҳо Покистонро дар он айбдор намуданд, ки бесарнишинҳои амрикоӣ аз тариқи хоки он вориди Афғонистон мешаванд.
Ин нуктаро Муҳаммад Яъқуб, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи ҳукумати толибҳо зимни нишасти матбуотӣ дар Кобул баён дошт. Ӯ аз Покистон даъват намудаст, ки қаламравашро алайҳи Афғонистон истифода накунад.
Қаблан Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибҳо парвози бесарнишинҳои амрикоиро дар Афғонистон нақзи ҳарими ҳавоии кишвар хонд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар дода буд, ки аз тариқи бесарнишинҳо дар Кобул ҳраҳбари "Ал Қоида"* Айман Аззавоҳириро куштааст. Ин ҳамларо ду мушаки "Hellfire" ("Дӯзах") анҷом додааст, ки аз ҳавопаймои бесарнишин ба балкони як хона дар Кобул партоб шудаанд, ки дар ин вақт худи Завоҳирӣ дар он ҷой буд.
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар