https://sputnik.tj/20220830/saf-general-tojikiston-afzud-1051036971.html
Раҳмон дар Тоҷикистон ба 23 нафар унвони генералӣ дод
Раҳмон дар Тоҷикистон ба 23 нафар унвони генералӣ дод
Sputnik Тоҷикистон
Сафи генералҳо дар Тоҷикистон 23 нафар афзуд. Рутбаҳои олии низомиро Раисҷумҳури Тоҷикистон ба афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу дод
2022-08-30T17:10+0500
2022-08-30T17:10+0500
2022-09-01T13:29+0500
раҳмон
дар тоҷикистон
генерал
рутба
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051036314_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_c697ff89ab832199719e4fbe3ffcfeb7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба 31 -умин солгарди истиқлоли давлатӣ фармони мукофотонидани кормандони бахшҳои гуногунро имзо кард.Ҳамин тариқ 180 корманди ҳифзи ҳуқуқ бо унвону мукофот қадрдонӣ шуданд.Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.Ҳамин тариқ 3 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 42 нафар бо медали Ҷасорат, 61 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 23 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.Ҳамзамон президент ба 23 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-лейтенанти милитсия”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майор”, “генерал-майори адлия”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори хадамоти гумрук” ва “генерал-майори хизмати дохилӣ” супоридааст.Раисҷумҳури Тоҷикистон аз даврони вазнин сохтусозҳо дар артиши кишвар ёдовар шуда, гуфтааст, ки ин бахши ҷомеаро зарур аст, ки ҳоло низ беш аз ҳарвақта ҳушёру зирак бошанд.Маврид ба зикр аст, ки маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад, ки имсол 31-умин солгардаш таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20220828/muovin-navi-vaziri-kor-dokhilii-tojikiston-1050991398.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051036314_1:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_e906ed2e28127ce787593c082c21653f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон тоҷикистон унвон генералӣ
раҳмон тоҷикистон унвон генералӣ
Раҳмон дар Тоҷикистон ба 23 нафар унвони генералӣ дод
17:10 30.08.2022 (Навсозишуда: 13:29 01.09.2022) Сафи генералҳо дар Тоҷикистон 23 нафар афзуд. Рутбаҳои олии низомиро Раисҷумҳури Тоҷикистон ба афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дод
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба 31 -умин солгарди истиқлоли давлатӣ фармони мукофотонидани кормандони бахшҳои гуногунро имзо кард.
Ҳамин тариқ 180 корманди ҳифзи ҳуқуқ бо унвону мукофот қадрдонӣ шуданд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамин тариқ 3 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 42 нафар бо медали Ҷасорат, 61 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 23 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон президент ба 23 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-лейтенанти милитсия”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майор”, “генерал-майори адлия”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори хадамоти гумрук” ва “генерал-майори хизмати дохилӣ” супоридааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз даврони вазнин сохтусозҳо дар артиши кишвар ёдовар шуда, гуфтааст, ки ин бахши ҷомеаро зарур аст, ки ҳоло низ беш аз ҳарвақта ҳушёру зирак бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад, ки имсол 31-умин солгардаш таҷлил мегардад.