https://sputnik.tj/20220828/muovin-navi-vaziri-kor-dokhilii-tojikiston-1050991398.html
Нозире, ки ноиби вазир шуд. Генерал Насимзода кист?
Нозире, ки ноиби вазир шуд. Генерал Насимзода кист?
Sputnik Тоҷикистон
Генерали навтаъйин ба мақоми муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон корашро аз нозири хадамоти роҳбонии мақомоти бозрасии автомобилӣ оғоз кардаст
2022-08-28T18:45+0500
2022-08-28T18:45+0500
2022-08-29T16:41+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
таъйин
вкд
муовин
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/11/1050775419_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_720f640b54433876d72e1b2eb9bdef0e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳолномаи генерал Насимзода Акбар Ғиёсро, ки ахиран ба мақоми муовини вазир дар ин ниҳод таъйин шуд, нашр кардааст. Бар асоси ҳолнома, Насимзода, 60 сол дошта, аз соли 1985 дар мақомоти умури дохилӣ кор мекунад. Таъкид шудааст, ки ӯ фаъолияти корияшро аз вазифаи нозири хадамоти роҳбонии шуъбаи бозрасии автомобилӣ дар Душанбе оғоз карда, баъдан ба ҳайси сардори БДА дар ноҳияи Ҷайҳун, бозраси калони давлатии автомобилӣ ва баъдан сардори БДА дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ фаъолият доштаст. Дар пайи кор дар бархе аз мақомҳо дар вилояти Хатлон, аз ҷумла сардори идораи вилоятии бозрасии автомобилӣ, ба кор дар пойтахт гузаштааст.ВУД мегӯяд, ӯ дар шаҳри Душанбе ба ҳайсри сардори ШБДА, муовини сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва баъдан сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД кор кардаст. Насимзода Акбар Ғиёс ахиран бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъйин гардид. Таъкид гардидааст, ки мавсуф аълочии милитсия буда, барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаю сипосномаҳо мукофотонида шудааст. ВУД зикр намудаст, ки Насимзода соли 2020 бо фармони президенти Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ - медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20220819/rahmon-sud-navtayin-tamini-adolat-1050829773.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/11/1050775419_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_145e028a6cd02f886e55dd1af8c8846f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ноиб, нав, вазир, корҳои дохилӣ, тоҷикистон
ноиб, нав, вазир, корҳои дохилӣ, тоҷикистон
Нозире, ки ноиби вазир шуд. Генерал Насимзода кист?
18:45 28.08.2022 (Навсозишуда: 16:41 29.08.2022) Генерали навтаъйин ба мақоми муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон корашро аз нозири хадамоти роҳбонии мақомоти бозрасии автомобилӣ оғоз кардааст
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳолномаи генерал Насимзода Акбар Ғиёсро, ки ахиран ба мақоми муовини вазир дар ин ниҳод таъйин шуд, нашр кардааст.
Бар асоси ҳолнома, Насимзода, 60 сол дошта, аз соли 1985 дар мақомоти умури дохилӣ кор мекунад.
Таъкид шудааст, ки ӯ фаъолияти корияшро аз вазифаи нозири хадамоти роҳбонии шуъбаи бозрасии автомобилӣ дар Душанбе оғоз карда, баъдан ба ҳайси сардори БДА дар ноҳияи Ҷайҳун, бозраси калони давлатии автомобилӣ ва баъдан сардори БДА дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ фаъолият доштаст.
Дар пайи кор дар бархе аз мақомҳо дар вилояти Хатлон, аз ҷумла сардори идораи вилоятии бозрасии автомобилӣ, ба кор дар пойтахт гузаштааст.
ВУД мегӯяд, ӯ дар шаҳри Душанбе ба ҳайсри сардори ШБДА, муовини сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва баъдан сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД кор кардаст.
Насимзода Акбар Ғиёс ахиран бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъйин гардид.
Таъкид гардидааст, ки мавсуф аълочии милитсия буда, барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаю сипосномаҳо мукофотонида шудааст.
ВУД зикр намудаст, ки Насимзода соли 2020 бо фармони президенти Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ - медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ шудааст.