https://sputnik.tj/20220830/reyting-arzon-suzishvori-idm-tojikiston-1051020224.html
Рейтинги арзонтарин сӯзишворӣ дар ИДМ: Тоҷикистон куҷост?
Рейтинги арзонтарин сӯзишворӣ дар ИДМ: Тоҷикистон куҷост?
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигорон арзиши як литр сӯзишвории дизелиро дар чаҳор кишвар: Тоҷикистон, Озарбойҷон, Белорус ва Арманистон муқоиса кардаанд
2022-08-30T09:38+0500
2022-08-30T09:38+0500
2022-08-30T14:07+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
болоравии нарх
воридот
озарбойҷон
арманистон
беларус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049373602_0:203:3071:1930_1920x0_80_0_0_0a4fbce99610f8d9ab0ca77977866d30.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар радабандии арзонтарин сӯзишвории дизелӣ дар кишварҳои ИДМ дар ҷои сеюм қарор гирифтааст. Таҳлили ин бозорро дар чаҳор кишвар рӯзноманигорони шабакаи телевизионии "МИР 24" анҷом додаанд. Онҳо арзиши як литр сӯзишвориро дар Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус ва Арманистон муқоиса карданд. Ҳамин тариқ бар асоси гузориш дар Озарбойҷон арзонтарин сӯзишвории дизелиро пур харидан мумкин аст. Дар ин кишвар барои ҳар литр сӯзишворӣ 28 рубл пардохт кардан лозим аст. Дар зинаи дуюми рейтинг Беларус қарор гирифт. Дар ин ҷо як литр сӯзишвории дизелй 58 рубл мешавад. Тоҷикистон дар ҷои сеюм аст. Нархи сӯзишвории муқарраршуда дар ҷумҳурӣ назар ба арзиши сӯзишвории дизелии Озарбойҷон ва Белоруссия хеле баланд аст. Пас, тоҷикистониён барои ҳар литр сӯзишворӣ 75 рубл медиҳанд. Арманистон дар зинаи охирини радабандӣ қарор дорад. Дар ин кишвар барои як литр сӯзишворӣ 96 рубл талаб карда мешавад. Моҳи июли соли 2022 Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, афзоиши якбораи қимати маводи сӯхт дар бозорҳои кишварро дар афзоиши қимати ширкатҳои нафткаш шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар моҳи январи соли 2022 1 тонна сӯзишворӣ 560 доллар арзиш дошт ва дар моҳи июл он ба 890 доллар расид. Чаро сӯзишворӣ қимат шуд? Посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣҚурбонзода таъкид кард, ки афзоиши нарх ва талабот дар кишварҳои содиркунанда ва болоравии қурби рубл таъсири муҳим дорад. Ҳоло ҷумҳурӣ сӯзишвориро ҳам бо рубл ва ҳам бо асъор мехарад. Натиҷаҳои таҳлили нархҳои бозор нишон дод, ки дар моҳи июни соли 2022 1 тонна бензин 209 доллар (32 фоиз) ва сӯзишвории дизелӣ 226 доллар (40 фоиз) нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 боло рафтааст.
https://sputnik.tj/20220828/naqsha-tavlid-suzishvori-angisht-tojikiston-1050990754.html
озарбойҷон
арманистон
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049373602_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_e1bfce3e8b1f41d999031702454844bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рейтинг арзон сӯзишворӣ идм тоҷикистон
рейтинг арзон сӯзишворӣ идм тоҷикистон
Рейтинги арзонтарин сӯзишворӣ дар ИДМ: Тоҷикистон куҷост?
09:38 30.08.2022 (Навсозишуда: 14:07 30.08.2022) Рӯзноманигорон арзиши як литр сӯзишвории дизелиро дар чаҳор кишвар: Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус ва Арманистон муқоиса кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар радабандии арзонтарин сӯзишвории дизелӣ дар кишварҳои ИДМ дар ҷои сеюм қарор гирифтааст. Таҳлили ин бозорро дар чаҳор кишвар рӯзноманигорони шабакаи телевизионии "МИР 24" анҷом додаанд.
Онҳо арзиши як литр сӯзишвориро дар Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус ва Арманистон муқоиса карданд.
Ҳамин тариқ бар асоси гузориш дар Озарбойҷон арзонтарин сӯзишвории дизелиро пур харидан мумкин аст. Дар ин кишвар барои ҳар литр сӯзишворӣ 28 рубл пардохт кардан лозим аст.
Дар зинаи дуюми рейтинг Беларус қарор гирифт. Дар ин ҷо як литр сӯзишвории дизелй 58 рубл мешавад.
Тоҷикистон дар ҷои сеюм аст. Нархи сӯзишвории муқарраршуда дар ҷумҳурӣ назар ба арзиши сӯзишвории дизелии Озарбойҷон ва Белоруссия хеле баланд аст. Пас, тоҷикистониён барои ҳар литр сӯзишворӣ 75 рубл медиҳанд.
Арманистон дар зинаи охирини радабандӣ қарор дорад. Дар ин кишвар барои як литр сӯзишворӣ 96 рубл талаб карда мешавад.
Моҳи июли соли 2022 Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, афзоиши якбораи қимати маводи сӯхт дар бозорҳои кишварро дар афзоиши қимати ширкатҳои нафткаш шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар моҳи январи соли 2022 1 тонна сӯзишворӣ 560 доллар арзиш дошт ва дар моҳи июл он ба 890 доллар расид.
Қурбонзода таъкид кард, ки афзоиши нарх ва талабот дар кишварҳои содиркунанда ва болоравии қурби рубл таъсири муҳим дорад. Ҳоло ҷумҳурӣ сӯзишвориро ҳам бо рубл ва ҳам бо асъор мехарад.
Натиҷаҳои таҳлили нархҳои бозор нишон дод, ки дар моҳи июни соли 2022 1 тонна бензин 209 доллар (32 фоиз) ва сӯзишвории дизелӣ 226 доллар (40 фоиз) нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 боло рафтааст.