https://sputnik.tj/20220828/naqsha-tavlid-suzishvori-angisht-tojikiston-1050990754.html
Нақшаи тавлиди сӯзишвории моеъ аз ангишт дар Тоҷикистон бо ҷалби Чин
Нақшаи тавлиди сӯзишвории моеъ аз ангишт дар Тоҷикистон бо ҷалби Чин
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони соҳаи истихроҷи ангишт дар рӯзи кормандони ин соҳа, ки якшанбеи охири моҳи август таҷлил мешавад, нақшаҳои ояндаашонро баён доштанд
2022-08-28T16:38+0500
2022-08-28T16:38+0500
2022-08-29T16:42+0500
дар тоҷикистон
саноат
ангишт
коргоҳ
чин
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102741/18/1027411884_0:966:2048:2118_1920x0_80_0_0_31ab0dd23e2b02e9b81fb4041616fa2a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Мақомоти тоҷик барои таъсиси корхонаи истеҳсоли сӯзишвории моеъ аз ангишт бо ширкатҳои давлати Чин корбарӣ карда истодаанд. Дар ин бора "Ховар" аз қавли сармутахассиси раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Муҳиддин Давлатов хабар дод. Дар матлаб, ки бахшида Рӯзи кормандони соҳаи ангишт таҳия шудааст, инчунин аз нақшаҳо дар ин бахш гуфта шудаст. Аз ҷумла зикр гардидаст, ки дар доираи эълон гардидани "Панҷсолаи рушди саноат" дар кишвар бунёди ду корхонаи коркарди ангишти кокс ба роҳ монда мешавад. "Коркарди ангишти кокс барои соҳаи саноати металлургия сӯзишвории асосӣ мебошад ва ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад. Бо пайдо шудани манбаъҳои сармоягузорӣ коркарди ангишти антротсиди кони "Назарайлоқ" ба роҳ монда мешавад", - афзуд мақомдор. Ҳаҷми захираи ангишт дар ҷумҳурӣ 4,5 млрд тонна муайян карда шудааст. Дар Осиёи Марказӣ кони ангишгти "Фон-Яғноб" бузургтарин кони ангишти коксшаванда арзёбӣ мешавад. Феълан дар бахши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 14 корхона, аз ҷумла корхонаҳои ангишти "Фон-Яғноб", "Комбинати металлургии Тоҷик", "Зиддӣ", "Талко Ресурс", "Қудрат", "Вена", "Тоҷагропромэкспорт", "Ширкати алюминийи Тоҷик" ва ғайра фаъолияти истеҳсолӣ доранд, ки аз онҳо 4 корхона давлатӣ буда, боқимонда хусусӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20220828/sabuki-hukumat-tojikiston-oriyoninvest-1050988418.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102741/18/1027411884_0:774:2048:2310_1920x0_80_0_0_2991466090606b629ac3360a5a6c94ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азм, тоҷикистон, тавлид, сӯзишворӣ, чин, моеъ
азм, тоҷикистон, тавлид, сӯзишворӣ, чин, моеъ
Нақшаи тавлиди сӯзишвории моеъ аз ангишт дар Тоҷикистон бо ҷалби Чин
16:38 28.08.2022 (Навсозишуда: 16:42 29.08.2022) Мақомдорони соҳаи истихроҷи ангишт дар Рӯзи кормандони ин соҳа, ки якшанбеи охири моҳи август таҷлил мешавад, нақшаҳои ояндаашонро баён доштанд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Мақомоти тоҷик барои таъсиси корхонаи истеҳсоли сӯзишвории моеъ аз ангишт бо ширкатҳои давлати Чин корбарӣ карда истодаанд.
Дар ин бора "Ховар" аз қавли сармутахассиси раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Муҳиддин Давлатов хабар дод. Дар матлаб, ки бахшида Рӯзи кормандони соҳаи ангишт таҳия шудааст, инчунин аз нақшаҳо дар ин бахш гуфта шудаст.
Аз ҷумла зикр гардидаст, ки дар доираи эълон гардидани "Панҷсолаи рушди саноат" дар кишвар бунёди ду корхонаи коркарди ангишти кокс ба роҳ монда мешавад.
"Коркарди ангишти кокс барои соҳаи саноати металлургия сӯзишвории асосӣ мебошад ва ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад. Бо пайдо шудани манбаъҳои сармоягузорӣ коркарди ангишти антротсиди кони "Назарайлоқ" ба роҳ монда мешавад", - афзуд мақомдор.
Ҳаҷми захираи ангишт дар ҷумҳурӣ 4,5 млрд тонна муайян карда шудааст. Дар Осиёи Марказӣ кони ангишгти "Фон-Яғноб" бузургтарин кони ангишти коксшаванда арзёбӣ мешавад.
Феълан дар бахши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 14 корхона, аз ҷумла корхонаҳои ангишти "Фон-Яғноб", "Комбинати металлургии Тоҷик", "Зиддӣ", "Талко Ресурс", "Қудрат", "Вена", "Тоҷагропромэкспорт", "Ширкати алюминийи Тоҷик" ва ғайра фаъолияти истеҳсолӣ доранд, ки аз онҳо 4 корхона давлатӣ буда, боқимонда хусусӣ мебошанд.