https://sputnik.tj/20220830/prezident-dars-sulh-kujo-1051032927.html
Маълум шуд, ки президент дарси сулҳро имсол дар куҷо мегузаронад
Маълум шуд, ки президент дарси сулҳро имсол дар куҷо мегузаронад
Sputnik Тоҷикистон
Дарси сулҳ, ки тибқи анъана аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон гузаронда мешавад, соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ Сино дар назар аст
2022-08-30T15:50+0500
2022-08-30T15:50+0500
2022-09-01T13:33+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
рӯзи дониш
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0d/1050688437_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_a59109ff9eaed4a130245e8c6317676f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Рӯзи дониш дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.Дар ин бора аз дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз бинои навбунёди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ифтитоҳ кунад.Дар ин макон интизор меравад ҳамчунин мулоқоти раисҷумҳури кишвар бо устодону донишҷӯён доир шавад.Маврид ба зикр аст, ки маҳз 1 сентябри соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ифтитоҳ гардида буд.Бино иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар соли равон беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи як хоҳанд рафт.Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар кишвар 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд.Инчунин теъдоди омӯзгорон ба 128 827 нафар мерасад.Соли равон ҳамчунин беш аз 50 ҳазор донишҷӯ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар шомил шуда, ҳамчунин таҳсимоти сеюм низ барои онҳое, ки дар давраҳои аввал нагузаштанд аз ҷониби ММТ идома дорад.Дар ин рӯз ҳамзамон панҷ мактаби русӣ, ки дар шаҳру навоҳии кишвар бо маблағгузории ҳукумати Русия бунёд шуд, дарҳояшро ба рӯи мактаббачагон боз мекунад.
https://sputnik.tj/20220829/narkh-sarulibos-maktabi-tojikiston-1051003237.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0d/1050688437_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_5a9241ec986d6bba6833195fedef6539.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент дарс сулҳ
Маълум шуд, ки президент дарси сулҳро имсол дар куҷо мегузаронад
15:50 30.08.2022 (Навсозишуда: 13:33 01.09.2022) Дарси сулҳ, ки тибқи анъана, аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон гузаронда мешавад, соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Сино дар назар аст
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Рӯзи дониш дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Дар ин бора аз дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз бинои навбунёди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ифтитоҳ кунад.
Дар ин макон интизор меравад ҳамчунин мулоқоти раисҷумҳури кишвар бо устодону донишҷӯён доир шавад.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз 1 сентябри соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ифтитоҳ гардида буд.
Бино иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар соли равон беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи як хоҳанд рафт.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар кишвар 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд.
Инчунин теъдоди омӯзгорон ба 128 827 нафар мерасад.
Соли равон ҳамчунин беш аз 50 ҳазор донишҷӯ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар шомил шуда, ҳамчунин таҳсимоти сеюм низ барои онҳое, ки дар давраҳои аввал нагузаштанд аз ҷониби ММТ идома дорад.
Дар ин рӯз ҳамзамон панҷ мактаби русӣ, ки дар шаҳру навоҳии кишвар бо маблағгузории ҳукумати Русия бунёд шуд, дарҳояшро ба рӯи мактаббачагон боз мекунад.