Ҳисоби нархи сарулибоси мактабӣ дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Яке аз бандҳои асосии хароҷоти хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки одатан серфарзанданд, таъмини лавозимоти мактабӣ, аз ҷумла сарулибос дар оғози соли хониш аст
Нархи либоси мактабӣ дар Тоҷикистон, чун бисёри молҳои дигар дар ҷумҳурӣ тайи як соли охир боло рафтааст.
Sputnik Тоҷикистон бар асоси пажуҳишу пурсишҳо дар мағозаю бозорҳои ҷумҳурӣ нархи миёнаи либоси мактабиро барои бачаҳо ва духтарон муайян намуд. Нархҳо вобаста минтақа ва сифати маҳсулоти пешниҳодшаванда фарқ мекунанд.
Назарпурсӣ нишон дод, ки нисбатан гаронтар таъмини мактаббача бо либоси зарурӣ дар шаҳри Душанбе меғалтад. Ба ҳисоби миёна арзиши сегонаи либоси мактабӣ дар пойтахт ҳудуди 800 сомониро ташкил медиҳад.
Хушбахтии кӯдакону саргардонии волидон дар оғози соли хониш - видео
Дар шимоли ҷумҳурӣ, ки аз нигоҳи саноатӣ нисбатан пешрафта аст, нархҳо поинтаранд. Хариди шиму костюми мактабӣ барои муҳассилин дар Суғд ҳудуди 400 сомонӣ арзиш дорад.
Нархи пойафзори мактабӣ дар Тоҷикистон аз 200 то 350 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ таъмини як сарулибоси мактабӣ барои писарону духтарон дар Тоҷикистон ҳудуди 1,5 ҳазор сомонӣ қимат дорад.
Ин нархҳо дар шароити серфарзандии хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва даромади нисбатан ками аҳолӣ гарон арзёбӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0