Иштироки Тоҷикистон дар размоиши байналмилалӣ барои таъмини амнияти Русия ва муттаҳидонаш

© Sputnik / Виктор Толочко / Гузариш ба медиабонкУчения "Запад-2021" в Белоруссии
Учения Запад-2021 в Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Обуна шудан
Таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Русия размоиши бузурги байналмилалӣ таҳти унвони "Шарқ-2022" баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар тамринҳои густурдаи байналмилалии фармондеҳии стратегии "Шарқ-2022" ширкат хоҳад кард. Размоиши мазкур аз 1 то 7 сентябр бо ҷалби ҳудуди 50 ҳазор низомӣ дар назар аст.
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, размоишҳо дар 7 тамрингоҳи Русия, инчунин дар қаламравҳои обӣ ва минтақаҳои соҳилии баҳри Охотск ва баҳри Ҷопон баргузор мешаванд.
Таъкид гардидааст, ки роҳбарии чорабиниҳои мазкурро сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерали артиш Валерий Герасимов ба уҳда хоҳад дошт.
Ҳаракатҳои муштаракро воҳидҳои низомии кишварҳои узв ва нозири Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дигар давлатҳои шарик тамрин мекунанд.
Украино-американские учения Fearless Guardian - 2015 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2022
ИМА аз ҳисоби Тоҷикистон театри ҷангро меомӯзад
Аз ҷумла ҳузури 50 ҳазор низомӣ аз Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Белорус, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Лаос, Никарагуа, Русия, Сурия ва Тоҷикистон ба ин чорабиниҳо ҷалб карда мешаванд. Дар тамринҳо 5 ҳазор аслиҳа ва техникаи низомӣ, аз ҷумла 140 ҳавопаймо ва 60 киштии ҷангию ёрирасон кор бурда хоҳанд шуд.
Амалиёти ҷангӣ дар размоишгоҳҳои "Успеновский", "Бурдуни", "Горячие ключи", "Княз-Волконский", "Лагунное", "Сергеевский" ва "Телемба" гузаронда мешавад.
Вазорати дифоъ тавзеҳ додааст, ки барномаи машқҳои стратегии мазкур, корбурди мухталифи навъҳои гуногуни нерӯ барои таъмини амнияти низомии Русия ва иттифоқчиёни онро дар ҳавзаи низомии шарқӣ дар бар мегирад.
Дар баҳри Ҷопон амалиёти муштараки ҳифзи роҳҳои баҳрӣ ва фаъолияти иқтисодӣ аз сӯи нерӯи дарёии Уқёнуси Ором ва қувваҳои баҳрии Чин тамрин мешавад.
Лентаи хабарҳо
0