https://sputnik.tj/20220829/putin-tashkil-markazh-muhojion-tojikiston-1051013329.html
Ҳимояти Путин аз ташкили марказҳои махсуси муҳоҷирон: Ӯ гуфт, Тоҷикистон зид нест
Ҳимояти Путин аз ташкили марказҳои махсуси муҳоҷирон: Ӯ гуфт, Тоҷикистон зид нест
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳавасмандияшро баён кардаанд, ки муҳоҷирони меҳнатияшон ба талаботи Русия мутобиқ шаванд
2022-08-29T18:20+0500
2022-08-29T18:20+0500
2022-08-29T20:47+0500
дар русия
владимир путин
муҳоҷират
тоҷикон
мутобиқат ба қонунҳо
марказ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1c/1049574908_0:0:3173:1785_1920x0_80_0_0_65a40dc5c182608a0cf402a2693a900f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин пешниҳод барои ташкили марказҳои махсуси мутобиқатсозии муҳоҷиронро ҷонибдорӣ кард. Ба иттилои РИА "Новости", масъалаи мазкурро дар мулоқот бо президент, роҳбари Ожонси федералӣ дар умури миллатҳо, Игор Баринов дар миён гузошт. Баринов изҳор дошт, ки кор сари роҳ надодан ба инзивои минтақавию иҷтимоии муҳоҷиронро дар Русия таҳким бахшидаанд. Вай муҳим хондааст, ки кор дар ин бахш бо ҷалби созмони ҷамъиятию динӣ таҳким бахшида шавад. Путин аз ин иқдом истиқбол карда, изҳор дошт, ки кор дар ин самтро бояд аз кишвари хуруҷи муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз кард. Раисҷумҳури Русия афзуд, ки бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин масъала суҳбат дошт ва онҳо розиянд, дар ин самт иқдом кунанд. "Бо бисёри ҳамкорон суҳбат кардам, бисёриҳои аллакай оғоз кардаанд. Моро зарур аст, ки дар ин самт фаъолтар бошем. Он ҷо касе зид нест", - гуфт Путин. Вайт таъкид намуд, ки баръакс дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо камоли майл ба чунин корҳо машғуланд. "Бояд фаъолтар бошем, онҳо ҳавасманданд. Хуб дарк мекунанд, ки вақте одамон аз ватанашон пеши мо меоянд, бояд мутобиқшуда бошанд, бояд фарҳанг, забон ва қонунгузории Русияро донанд", - изҳор дошт Путин. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд, ки маблағи фиристодаи онҳо манбаи аслии таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20220829/putin-kishvarho-islomi-sharikon-1051012015.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1c/1049574908_57:0:2786:2047_1920x0_80_0_0_52ba4efedb76d56b1613818e865a3a8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷонибдорӣ, путин, марказ, ҳос, муҳоҷирон
ҷонибдорӣ, путин, марказ, ҳос, муҳоҷирон
Ҳимояти Путин аз ташкили марказҳои махсуси муҳоҷирон: Ӯ гуфт, Тоҷикистон зид нест
18:20 29.08.2022 (Навсозишуда: 20:47 29.08.2022) Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳавасмандияшро баён кардаанд, ки муҳоҷирони меҳнатияшон ба талаботи Русия мутобиқ шаванд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин пешниҳод барои ташкили марказҳои махсуси мутобиқатсозии муҳоҷиронро ҷонибдорӣ кард.
Ба иттилои РИА "Новости", масъалаи мазкурро дар мулоқот бо президент, роҳбари Ожонси федералӣ дар умури миллатҳо, Игор Баринов дар миён гузошт.
Баринов изҳор дошт, ки кор сари роҳ надодан ба инзивои минтақавию иҷтимоии муҳоҷиронро дар Русия таҳким бахшидаанд. Вай муҳим хондааст, ки кор дар ин бахш бо ҷалби созмони ҷамъиятию динӣ таҳким бахшида шавад.
Путин аз ин иқдом истиқбол карда, изҳор дошт, ки кор дар ин самтро бояд аз кишвари хуруҷи муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия афзуд, ки бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин масъала суҳбат дошт ва онҳо розиянд, дар ин самт иқдом кунанд.
"Бо бисёри ҳамкорон суҳбат кардам, бисёриҳои аллакай оғоз кардаанд. Моро зарур аст, ки дар ин самт фаъолтар бошем. Он ҷо касе зид нест", - гуфт Путин.
Вайт таъкид намуд, ки баръакс дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо камоли майл ба чунин корҳо машғуланд.
"Бояд фаъолтар бошем, онҳо ҳавасманданд. Хуб дарк мекунанд, ки вақте одамон аз ватанашон пеши мо меоянд, бояд мутобиқшуда бошанд, бояд фарҳанг, забон ва қонунгузории Русияро донанд", - изҳор дошт Путин.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд, ки маблағи фиристодаи онҳо манбаи аслии таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.