https://sputnik.tj/20220828/boziho-osiyoi-marhilai-omodagi-ba--1050992109.html
Бозиҳои осиёӣ марҳилаи омодагӣ ба олимпиада хоҳанд буд
Бозиҳои осиёӣ марҳилаи омодагӣ ба олимпиада хоҳанд буд
Sputnik Тоҷикистон
Ба далели он ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Ассотсиатсияи байналмилалии боксро эътироф накардааст, зӯрозмоиҳо дар Ҳангжоуро гуруҳи махсус назорат мекунад
2022-08-28T19:56+0500
2022-08-28T19:56+0500
2022-08-29T16:40+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
бозиҳои осиёӣ
бокс
шӯрои олимпии осиё
париж
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102971/56/1029715638_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_3de98c8796185a1ddad77c2585b83c2f.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бокс дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу як мусобиқаи интихобӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 хоҳад буд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо такя ба Шӯрои олимпии Осиё - ОСА хабар дод. Таъкид шудааст, ки Бозиҳои Осиё дар риштаи бокс аз ҷониби гурӯҳи махсуси таъиншудаи Шӯрои олимпии Осиё назорат мешавад. Мудири Департаменти бозиҳои осиёии ОСА Ҳайдар Фармон тавзеҳ додааст, ки азбаски Ассотсиатсияи байналмилалии бокс аз ҷониби КБО эътироф нашудааст, тасмим гирифта шуд, ки ба ҷои он як гурӯҳи корӣ барои мудирияти варзиши бокс дар Бозиҳои Осиё таъин шавад. "Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) бо мо тамос гирифта, гуфт, ки Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу як мусобиқаи интихобӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 хоҳад буд. Ба ин тартиб, КБО вакили фаннии боксро дар Бозиҳои Осиё таъин мекунад ва онҳо марҳилаҳои интихобиро идора мекунанд”, - афзуд Ҳайдар Фармон. Маврид ба зикр аст, ки КБО Ассотсиатсияи байналмилалии боксро соли 2019 аз ширкат дар Олимпиадаи соли гузаштаи Токио, ба далели мушкилоти идоракунӣ, молия, доварӣ ва ахлоқ маҳрум кард. Онҳо инчунин изҳор доштанд, ки IBA масъули мусобиқаи бокс дар Олимпиадаи Париж-2024 нахоҳад буд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ додаст, ки ба далели идома ёфтани мушкилоти марбута, КБО тасмим гирифт, ки мустақилона мусобиқоти олимпии боксро идора кунад . Ҳамчунин аз тағйироти дигар зикр шудаст, ки мусобиқаи бокс дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу аз рӯи 13 вазн сурат хоҳад гирифт, вале дар мувофиқа бо Париж-2024 ҳафт мусобиқа байни мардон ва шаш мусобиқа байни занон хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20220512/piruzi-shoira-qahramoni-boks-1048380559.html
париж
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102971/56/1029715638_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_d742bba69ea6484027eb86250ad4d25d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муштзанон, роҳхат, олимпӣ, сабқат
муштзанон, роҳхат, олимпӣ, сабқат
Бозиҳои осиёӣ марҳилаи омодагӣ ба олимпиада хоҳанд буд
19:56 28.08.2022 (Навсозишуда: 16:40 29.08.2022) Ба далели он ки Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ Ассотсиатсияи Байналмилалии Боксро эътироф накардааст, зӯрозмоиҳо дар Ҳангжоуро гурӯҳи махсус назорат мекунад
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бокс дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу як мусобиқаи интихобӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 хоҳад буд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо такя ба Шӯрои олимпии Осиё - ОСА хабар дод. Таъкид шудааст, ки Бозиҳои Осиё дар риштаи бокс аз ҷониби гурӯҳи махсуси таъиншудаи Шӯрои олимпии Осиё назорат мешавад.
Мудири Департаменти бозиҳои осиёии ОСА Ҳайдар Фармон тавзеҳ додааст, ки азбаски Ассотсиатсияи байналмилалии бокс аз ҷониби КБО эътироф нашудааст, тасмим гирифта шуд, ки ба ҷои он як гурӯҳи корӣ барои мудирияти варзиши бокс дар Бозиҳои Осиё таъин шавад.
"Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) бо мо тамос гирифта, гуфт, ки Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу як мусобиқаи интихобӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 хоҳад буд. Ба ин тартиб, КБО вакили фаннии боксро дар Бозиҳои Осиё таъин мекунад ва онҳо марҳилаҳои интихобиро идора мекунанд”, - афзуд Ҳайдар Фармон.
Маврид ба зикр аст, ки КБО Ассотсиатсияи байналмилалии боксро соли 2019 аз ширкат дар Олимпиадаи соли гузаштаи Токио, ба далели мушкилоти идоракунӣ, молия, доварӣ ва ахлоқ маҳрум кард. Онҳо инчунин изҳор доштанд, ки IBA масъули мусобиқаи бокс дар Олимпиадаи Париж-2024 нахоҳад буд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ додаст, ки ба далели идома ёфтани мушкилоти марбута, КБО тасмим гирифт, ки мустақилона мусобиқоти олимпии боксро идора кунад .
Ҳамчунин аз тағйироти дигар зикр шудаст, ки мусобиқаи бокс дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу аз рӯи 13 вазн сурат хоҳад гирифт, вале дар мувофиқа бо Париж-2024 ҳафт мусобиқа байни мардон ва шаш мусобиқа байни занон хоҳад буд.