https://sputnik.tj/20220829/hushdori-tolibon-pentagon-parvozi-pahpodhoi-amrikoi-1051008207.html
Ҳушдори толибон ба Пентагон дар бораи парвози паҳподҳои амрикоӣ
Ҳушдори толибон ба Пентагон дар бораи парвози паҳподҳои амрикоӣ
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ҳукумати толибон парвози паҳподҳои амрикоиро дар ҳарими ҳавоии Афғонистон, иқдоме таҷовузкорона хонд ва дар бораи паёмадҳои он ҳушдор дод
2022-08-29T15:45+0500
2022-08-29T15:45+0500
2022-08-29T16:23+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
паҳпод
парвоз
амрико
вокуниш
ҳарими ҳавоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_0:52:3012:1746_1920x0_80_0_0_09d974c7814931c097c53e5e9bf2c95d.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Паҳподҳои Амрико ҳамчунон дар ҳарими ҳавоии Афғонистон гаштзанӣ мекунанд ва бояд ба ин кор поён диҳанд, гуфт Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибон, итилоъ додааст бахши дарии "Порс тудэй".Вай илова кард дар сурати поён надодани ин кор ҳукумати толибон ин иқдомро таҷовуз бар Афғонистон мехонад.Вай афзуд ин парвозҳо бояд мутаваққиф шавад.Муҷоҳид таъкид кард, ки Амрико ва дунё бояд ба ҳуқуқи маруди Афғонистон эҳтиром бигузоранд.Сухангӯи толибон мегӯяд, парвозҳои паҳподҳои амрикоӣ дар фазои Афғонистон хилофи муоҳидаи Чикаго ва дигар конвенсияҳои ҷаҳонӣ аст ва дар айни ҳол нақзи ошкорои ҳарими ҳавоии Афғонистон низ аст.Идомаи парвозҳои паҳподҳои амрикоӣ дар осмони Афғонистон дар ҳоле идома дорад, ки ин кишвар ахиран бидуни огоҳӣ ва ё ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Афғонистон як манзили маскунии холӣ аз сокинонро дар минтақаи Шерпури Кобул бо паҳпод ҳадаф қарор дод.Сипас аз он Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико иддаои кушта шудани Айман Завоҳирӣ, раҳбари “Алқоида”* дар ин ҳамларо матраҳ кард.*-гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20220828/tolib--dronhoi-amrikoi-afghoniston-1050990919.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_b03b77923f0a1b9bb5cefcb5f9e31ce2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, забеуллоҳ муҷоҳид, парвоз, паҳпод, амрикоӣ, ҳамла, ҳарими ҳавоӣ, афғонистон
амрико, забеуллоҳ муҷоҳид, парвоз, паҳпод, амрикоӣ, ҳамла, ҳарими ҳавоӣ, афғонистон
Ҳушдори толибон ба Пентагон дар бораи парвози паҳподҳои амрикоӣ
15:45 29.08.2022 (Навсозишуда: 16:23 29.08.2022) Намояндаи ҳукумати толибон парвози паҳподҳои амрикоиро дар ҳарими ҳавоии Афғонистон иқдоми таҷовузкорона хонда, дар бораи пайомадҳои он ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Паҳподҳои Амрико ҳамчунон дар ҳарими ҳавоии Афғонистон гаштзанӣ мекунанд ва бояд ба ин кор поён диҳанд, гуфт Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибон, итилоъ додааст бахши дарии "Порс тудэй".
Вай илова кард дар сурати поён надодани ин кор ҳукумати толибон ин иқдомро таҷовуз бар Афғонистон мехонад.
Вай афзуд ин парвозҳо бояд мутаваққиф шавад.
Муҷоҳид таъкид кард, ки Амрико ва дунё бояд ба ҳуқуқи маруди Афғонистон эҳтиром бигузоранд.
Сухангӯи толибон мегӯяд, парвозҳои паҳподҳои амрикоӣ дар фазои Афғонистон хилофи муоҳидаи Чикаго ва дигар конвенсияҳои ҷаҳонӣ аст ва дар айни ҳол нақзи ошкорои ҳарими ҳавоии Афғонистон низ аст.
Идомаи парвозҳои паҳподҳои амрикоӣ дар осмони Афғонистон дар ҳоле идома дорад, ки ин кишвар ахиран бидуни огоҳӣ ва ё ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Афғонистон як манзили маскунии холӣ аз сокинонро дар минтақаи Шерпури Кобул бо паҳпод ҳадаф қарор дод.
Сипас аз он Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико иддаои кушта шудани Айман Завоҳирӣ, раҳбари “Алқоида”* дар ин ҳамларо матраҳ кард.
*-гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия