Ҳушдор аз қатъи якбораи барқрасонӣ дар Бритониё

© Sputnik / Александр МакаровЛондон, Великобритания
Лондон, Великобритания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Обуна шудан
Дар шароити камбуди газ зимистони ояндаро шаҳрвандони Бритониёи Кабир бидуни дастгирии иловагии давлат паси сар карда наметавонанд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Мақомоти Бритониё метавонанд бидуни огоҳӣ дар саросари кишвар нерӯи барқро хомӯш кунанд, хабар додаст "Bloomberg" бо такя ба мудири иҷроияи "Лондон Энержи Консалтинг", Дэвид Кокс.
"Мумкин аст, камбуди газ то ҳадде расад, ки дар кишвар барқ якбора қатъ гардад. Мо барои тавлиди нерӯи барқ гази кофӣ надорем. Ин як масъалаи ҷиддӣ аст, ки ҳукумат дар бораи он хомӯшӣ ихтиёр кардастаст", - таъкид намуд Кокс.
Вай ҳамчунин афзуд, ки Иттиҳодияи Аврупо дар ин вазъ наметавонад кумак кунад, зеро бо чунин мушкилот худаш дучор аст. Коршиноси энержӣ тавзеҳ дод, ки шаҳрвандон танҳо бо кумаки давлат метавонанд сардии зимистонро паси сар кунанд.
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2022
Медведев: Русия омодааст, равобиташро бо Аврупо барқарор намояд
Ин дар ҳолест, ки таҳлилгари Бунёди миллии амнияти энергетикӣ дар Русия, Игор Юшков мегӯяд, нархи газ дар оғози тирамоҳ метавонад, каме поин равад, аммо дар фасли сармо ва дар сурати нисбатан сард омадани он арзиши ин манбаи нерӯ метавонад то 5 - 6 ҳазор доллар расад.
Ба гуфтаи ин коршинос, Аврупо феълан гузинаи дигар надорад ва таъминоти иловагиро наметавонад фароҳам созад, чун ҳамаи таъминкунандагон бо тамоми қудраташон кор карда истодаанд. Вай ҳамчунин изҳори шубҳа кард, ки дар сурати камбуди газ дар яке аз кишварҳо, ҳамсоя мизоҷони дохилиро монда, ба он кишвар ин манбаи нерӯ интиқол диҳад.
Ҳукуматҳои миллӣ пеш аз ҳама уҳдадоранд мардуми худ - интихобкунандагони худро таъмин намоянд, изҳор дошт Юшков. Тафсилоти бештарро дар суҳбати видеоии коршинос бишнавед.
Лентаи хабарҳо
0