https://sputnik.tj/20220827/medvedev-rusiya-ravobit-avrupo-barqaror-1050974757.html
Медведев: Русия омодааст, равобиташро бо Аврупо барқарор намояд
Медведев: Русия омодааст, равобиташро бо Аврупо барқарор намояд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои амнияти Русия дар суҳбати ахираш гуфтааст, ки агар сиёсатмадорони Аврупо хоҳанд равобитро дубора барқарор намоянд, Русия мухолиф нахоҳад буд
2022-08-27T11:00+0500
2022-08-27T11:00+0500
2023-02-08T19:44+0500
равобит
аврупо
украина
мухолифат
сиёсат
барқарор кардан
ҳамкорӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043199380_0:0:3047:1714_1920x0_80_0_0_f5b2e630aec8afb6d821fb463d8eb5b2.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Русия омодааст, ба пешниҳоди Аврупо дар бораи барқарорсозии равобит ҷавоби мусбат диҳад, гуфт Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амният.Ба гуфтаи вай Аврупо ҳам як ранг нест."Кишварҳое ҳастанд, ки пушти сиёсати Амрико мегарданд, ки комилан ба низоми “арбоб-ғулом” пайвастаанд: кишварҳои назди Балтик, Лаҳистон, ки танҳо мунтазири ишора аз он тарафи уқёнус ҳастанд. Бархе кишварҳое ҳастанд, ки сиёсати мустақил доранд, аммо боз ваҳдати Атлантикаи Шимолӣ низ вуҷуд дорад ", - гуфт Медведев.Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки Фаронса дар ин низом амал мекунад, аммо Париж "ҳадди ақал чунин русбадбинии девонагиро надорад".Ҳамчунин оқои Медведев гуфт, ки амалиёти вижаи кишвараш дар Украина барои пешгирии ҷанги сеюми ҷаҳон равона шудаастВай ба суоле, ки оё ҷаҳон ба ҷанги нави ҷаҳонӣ даромадааст, ҷавоби манфӣ дод.Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220823/medvedev-kafolat-amniyat-ukraina-rusiya-1050889859.html
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043199380_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_e0da0b91905736fa8977894300b507c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, равобит, аврупо, амалиёт, украина, барқарор, дмитрий медведев, мухолифат
русия, равобит, аврупо, амалиёт, украина, барқарор, дмитрий медведев, мухолифат
Медведев: Русия омодааст, равобиташро бо Аврупо барқарор намояд
11:00 27.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Раиси Шӯрои амнияти Русия дар суҳбати ахираш гуфтааст, ки агар сиёсатмадорони Аврупо хоҳанд равобитро дубора барқарор намоянд, Русия мухолиф нахоҳад буд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Русия омодааст, ба пешниҳоди Аврупо дар бораи барқарорсозии равобит ҷавоби мусбат диҳад, гуфт Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амният.
"Агар сиёсатмадорони Аврупо мехоҳанд равобитро барқарор намоянд, мо, албатта, мухолифат нахоҳем кард – ин тасмими мо набуд", - гуфт Медведев дар мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи телевизионии фаронсавии LCI.
Ба гуфтаи вай Аврупо ҳам як ранг нест.
"Кишварҳое ҳастанд, ки пушти сиёсати Амрико мегарданд, ки комилан ба низоми “арбоб-ғулом” пайвастаанд: кишварҳои назди Балтик, Лаҳистон, ки танҳо мунтазири ишора аз он тарафи уқёнус ҳастанд. Бархе кишварҳое ҳастанд, ки сиёсати мустақил доранд, аммо боз ваҳдати Атлантикаи Шимолӣ низ вуҷуд дорад ", - гуфт Медведев.
Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки Фаронса дар ин низом амал мекунад, аммо Париж "ҳадди ақал чунин русбадбинии девонагиро надорад".
Ҳамчунин оқои Медведев гуфт, ки амалиёти вижаи кишвараш дар Украина барои пешгирии ҷанги сеюми ҷаҳон равона шудааст
Вай ба суоле, ки оё ҷаҳон ба ҷанги нави ҷаҳонӣ даромадааст, ҷавоби манфӣ дод.
“Сиёсати Русия ба пешгирӣ аз ҷанги нави ҷаҳонӣ нигаронида шудааст”, таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.