Даргирии марзбонони Тоҷикистон бо қочоқчиёни афғон

© SputnikПограничник на участке границы, архивное фото
Пограничник на участке границы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2022
Обуна шудан
Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Тахори Афғонистон мегӯянд, ки қочоқчиёни афғонистонӣ ва марзбонони Тоҷикистон бо ҳам дар сарҳад даргир шудаанд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо қочоқчиёни маводи мухаддир дар марз бо Афғонистони даргир ва шумореро аз пой даровардаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфта манобеъ, ин даргирӣ шаби рӯзи ҷумъаи замоне дар рустои Сакикул вулусволии Дашти Қалъаи вилояти Тахор рух додааст ки шуморе аз қочоқчиён аз хоки Афғонистон ба ҷангали муштарак дар минтақа дохил шуда буданд.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин даргирӣ неруҳои марзии Тоҷикистон аз силоҳҳои сангин низ истифода кардаанд.
То кунун аз шумори талафот дар ин даргирии иттилое дар даст нест.
Қочоқчиёни маводи мухаддир марзбонони Тоҷикистон ҳарозгоҳе дар вулусволиҳои Дарқад, Хоҷа Баҳоуддин, Янги Қалъа, Чоҳи об ва Хоҷаи Ғори Тахор бо ҳам даргир мешаванд.
Уничтожение наркотических средств, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Кишту қочоқи маводи мухаддир - манбаи даромдаи ним миллион ҷамъияти Афғонистон
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дипломати рус Владимир Тарабрин гуфта буд, ки сарфи назар аз иддаои толибҳо барои мубориза бо тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон қочоқи он ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Дипломати Русия таъкид кард, ки афзоиши қобили мулоҳизаи қочоқи маводи мухаддир дар "масири шимолӣ" сабт мешавад.
"Тибқи ҳисобҳои Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, дар соли 2021 дар Афғонистон ҳудуди 6800 тонна ба ҳисоби афюн маводи мухаддир тавлид шуда, ҳаҷми даромад аз он ба 14% ММД-и кишвар расидааст", - гуфт Тарабрин.
Маврид ба зикр аст, ки аз замони сари қудрат расидани толибҳо дар Афғонистон расон як сол сипарӣ шуд. Аъзои гуруҳ 15 августи соли гузашта вориди Кобул шуда, ҳукуматро ғасб намуданд.
Лентаи хабарҳо
0