https://sputnik.tj/20220828/omodagi-prezident-mintaqa-dushanbe-1050985788.html
Ду ҳамоиш паиҳам: Президентҳои минтақа дар Душанбе ҷамъ меоянд
Ду ҳамоиш паиҳам: Президентҳои минтақа дар Душанбе ҷамъ меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳри Душанбе мизбони ду ҳамоиши сатҳи роҳбарони давлатҳо мешавад. Дар Тоҷикистон омодагӣ барои ташкили мулоқоти президентҳо аллакай оғоз шудааст
2022-08-28T10:22+0500
2022-08-28T10:22+0500
2022-08-29T17:13+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
мулоқот
президент
осиёи марказӣ
машварат
омодагиҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152866_0:0:2835:1595_1920x0_80_0_0_2e94c4ea3a8816a0f1899de3dd7656e2.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Кумитаи махсус барои ташкили мулоқоти роҳбарони давлатҳои минтақа дар Душанберо таъсис додааст. Бар асоси қарор, мулоқоти 5-уми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Мулоқоти мазкур рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябри соли 2023 дар назар аст, аммо омодагиҳо барои баргузорӣ ва таҳияи барномаи он дар Тоҷикистон аллакай оғоз шудааст. Дастур шудааст, ки хароҷоти баргузории ин чорабиниҳо ҳисоб ва аз буҷаи давлат таъмин карда шавад. Маврид ба зикр аст, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал моҳи январи соли 1993 бо қарори роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, муассисони он Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд. Мулоқоти машваратӣ низ роҳбарони давлатҳои зикршударо дар бар мегирад. Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд ва имсол ин дидори сарони давлатҳои минтақа дар Қирғизистон баргузор шуд. Мавзуъҳои мулоқоти мазкур фарох буда, аз сиёсат то тиҷорат ва фарҳангу сайёҳатро фаро мегирад.
https://sputnik.tj/20220721/tojikistonu-turkmaniston-sozishnomai-dusti-imzo-1050166018.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050152866_0:0:2601:1951_1920x0_80_0_0_a4117842db2b220bf92836ace0c3e202.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, минтақа, душанбе, баргузорӣ, мулоқот,
президент, минтақа, душанбе, баргузорӣ, мулоқот,
Ду ҳамоиш паиҳам: Президентҳои минтақа дар Душанбе ҷамъ меоянд
10:22 28.08.2022 (Навсозишуда: 17:13 29.08.2022) Шаҳри Душанбе мизбони ду ҳамоиши сатҳи роҳбарони давлатҳои минтақа мешавад, ки аз истодагарӣ дар баробари мушкилоти иқлимӣ то тиҷорату фарҳангро фаро мегиранд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Кумитаи махсус барои ташкили мулоқоти роҳбарони давлатҳои минтақа дар Душанберо таъсис додааст.
Бар асоси қарор, мулоқоти 5-уми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мулоқоти мазкур рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябри соли 2023 дар назар аст, аммо омодагиҳо барои баргузорӣ ва таҳияи барномаи он дар Тоҷикистон аллакай оғоз шудааст. Дастур шудааст, ки хароҷоти баргузории ин чорабиниҳо ҳисоб ва аз буҷаи давлат таъмин карда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал моҳи январи соли 1993 бо қарори роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, муассисони он Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд. Мулоқоти машваратӣ низ роҳбарони давлатҳои зикршударо дар бар мегирад.
Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд ва имсол ин дидори сарони давлатҳои минтақа дар Қирғизистон баргузор шуд.
Мавзуъҳои мулоқоти мазкур фарох буда, аз сиёсат то тиҷорат ва фарҳангу сайёҳатро фаро мегирад.