Тоҷикистону Туркманистон Созишномаи дӯстиро кай имзо мекунанд?

© Пресс-служба президента КыргызстанаЧетвертая Консультативная встреча глав государств Центральной Азии
Четвертая Консультативная встреча глав государств Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Обуна шудан
Раҳбарони Ӯзбекитон, Қазоқистон ва Қирғизистон созишномаи дӯстӣ, ҳамсоядории нек ва ҳамкорӣ ба хотири рушди минтақаро имзо карданд
ДУШАНБЕ, 21июл — Sputnik. Раҳбарони Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар ҷаласаи чаҳоруми машваратии сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ота Созишномаи дӯстӣ, ҳамсоядории нек ва ҳамкорӣ ба хотири рушди минтақаро имзо карданд.
Ин дар ҳолест, ки сарони Тоҷикистону Туркманистон пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ дар кишварҳояшон ин санадро ба имзо хоҳанд расонд.
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон имзои ин санадро таърихӣ номид.
Мулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Эмомалӣ Раҳмон дар Қирғизистон бо Шавкат Мирзиёев мулоқот кард
"Боварӣ дорам, ки ин санади муҳим ба наздикшавии минбаъдаи кишварҳои мо, минтақаи мо ва муттаҳидсозии саъю кӯшишҳои муштарак дар роҳи бартараф кардани чолишҳо ва таҳдидҳои замони мо таъсири мусбат мерасонад. Ин як лаҳзаи таърихӣ аст ва умед дорам, ки созишнома заминаи боэътимоди шукуфоии муштарак дар Осиёи Марказӣ мегардад", - гуфт Ҷабборов.
Ҳамчунин раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷамъбасти мулоқоти машваратӣ изҳороти муштарак ва қарорро дар бораи тамдиди ваколатҳои президенти Бунёди наҷоти Арал, консепсияи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва барномаи минтақавӣ имзо карданд.
Бояд қайд кард, ки яке аз бандҳои муҳими ин шартнома дар он аст, кишварҳои Осиёи Марказӣ муваззаф ҳастанд масъалаҳои баҳсбарангезро дар чаҳорчӯби созишнома ва танҳо бо роҳи муколама ҳал кунанд.
Лентаи хабарҳо
0