https://sputnik.tj/20220819/rahmon-sud-navtayin-tamini-adolat-1050829773.html
Раҳмон аз судҳои навтаъйин таъмини адолат хост
Раҳмон аз судҳои навтаъйин таъмини адолат хост
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдорони навтаъйин дар мақомоти додситонӣ, додгоҳӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хост, барои таъмини волоияти қонун кор кунанд
2022-08-19T18:40+0500
2022-08-19T18:40+0500
2022-08-19T21:30+0500
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
суд
адолат
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102121/30/1021213008_0:18:3073:1746_1920x0_80_0_0_91074781e1054b3ef4a39cc0d8a4ec83.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Парвандаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон шаффофу одилона баррасӣ карда шаванд. Ин дастурро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо кадрҳои навтаъйин дар мақомоти суд, прокуратура ва сохторҳои қудратии кишвар баён доштаст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбат махсусан ба таъмини адолати судӣ таъкид намуд. Аз таъкидоти дигари роҳбари давлат мубориза бар зидди хариду фурӯши замин ва қонуншиканиҳо дар ин самт, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ будаанд. Раҳмон аз кадрҳои ҷавон хостааст, бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд.Ба кор бо ҳисси баланди масъулият муносибат карда, барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида аз худ қобилияти хуби ташкилотчигӣ нишон диҳанд, таъкид кардаст ӯ. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин роҳбарони сохторҳои давлатиро муваззаф кардааст, ки дар интихобу ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону бонувон ва ҷавононе, ки донишҳои мукаммали замонавӣ дошта, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро медонанд, таваҷҷуҳ кунанд.
https://sputnik.tj/20220819/vazifagiri-maqomot-sudi-tojikiston-1050827116.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102121/30/1021213008_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_eaf1b4d3fb3c571a932998f93a2b36ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, тоҷикистон, судҳо, навтаъйин
президент, тоҷикистон, судҳо, навтаъйин
Раҳмон аз судҳои навтаъйин таъмини адолат хост
18:40 19.08.2022 (Навсозишуда: 21:30 19.08.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдорони навтаъйин дар мақомоти додситонӣ, додгоҳӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хост, барои таъмини волоияти қонун кор кунанд
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Парвандаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон шаффофу одилона баррасӣ карда шаванд.
Ин дастурро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо кадрҳои навтаъйин дар мақомоти суд, прокуратура ва сохторҳои қудратии кишвар баён доштаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбат махсусан ба таъмини адолати судӣ таъкид намуд.
Аз таъкидоти дигари роҳбари давлат мубориза бар зидди хариду фурӯши замин ва қонуншиканиҳо дар ин самт, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ будаанд.
Раҳмон аз кадрҳои ҷавон хостааст, бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд.
Ба кор бо ҳисси баланди масъулият муносибат карда, барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида аз худ қобилияти хуби ташкилотчигӣ нишон диҳанд, таъкид кардаст ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин роҳбарони сохторҳои давлатиро муваззаф кардааст, ки дар интихобу ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону бонувон ва ҷавононе, ки донишҳои мукаммали замонавӣ дошта, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро медонанд, таваҷҷуҳ кунанд.