https://sputnik.tj/20220512/piruzi-shoira-qahramoni-boks-1048380559.html
Пирӯзии аввали Шоира Зулқарнаева дар Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс
Пирӯзии аввали Шоира Зулқарнаева дар Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс
Sputnik Тоҷикистон
То кунун дар ин мусобиқи бонуфуз ду намояндаи Тоҷикистон мағл3уб гардида умед барои дарёфти медат танҳо ба ду тани дигар аст
2022-05-12T11:17+0500
2022-05-12T11:17+0500
2022-05-12T13:18+0500
шоира зулқарнаева
бокс
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1c/1039803164_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_af365bf9fd6cf5d6dea0f9a3ba31c66f.png
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Шоира Зулқайнарова, муштзани маъруфи кишвар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувонро бо пирӯзӣ оғоз кард.Ӯ дар аввалин рақобаташ дар ин мусобиқа муштзани кувейтӣ Алмутари Ноураро бо натиҷаи 5:0 мағлуб кард.Тибқи иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, рақобати Зулқарнаева панҷ давр давом кард, аммо ӯ бо қарори якдилонаи доварон пирӯзиро ба даст овард.Гуфта мешавад, Шоира Зулқайнарова дар вазни 63 кило баромад карда, ҳарифонаш дар даври дуюм Ҳадунг Ҷионг аз Корея мебошад. Муштзании онҳо 15 май сурат мегирад. Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чаҳор нафар намояндагӣ мекунанд, ки то кунун Сумая Қосимова дар даври аввал аз Севда Асенова, намояндаи Булғористон ва Миҷгона Самадова дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.Намояндаи дигари кишвар Руҳафзо Ҳақназарова бошад, дар вазни 50 кило имрӯз – 12 май бо ҳарифи боливиягиаш Айда Санталла вориди муштзанӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20220411/bahodur-musobiqai-boks-finlandiya-medali-tillo-1047526687.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1c/1039803164_55:0:945:667_1920x0_80_0_0_f80e4946e62bea6db3171b86dc3b0815.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пирӯзӣ шоира зулқарнаева қаҳрамонӣ бокс
пирӯзӣ шоира зулқарнаева қаҳрамонӣ бокс
Пирӯзии аввали Шоира Зулқарнаева дар Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс
11:17 12.05.2022 (Навсозишуда: 13:18 12.05.2022) То кунун дар ин мусобиқаи бонуфуз ду намояндаи Тоҷикистон мағлуб гардида, умед барои дарёфти медал танҳо ба ду тани дигар аст
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Шоира Зулқайнарова, муштзани маъруфи кишвар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувонро бо пирӯзӣ оғоз кард.
Ӯ дар аввалин рақобаташ дар ин мусобиқа муштзани кувейтӣ Алмутари Ноураро бо натиҷаи 5:0 мағлуб кард.
Тибқи иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, рақобати Зулқарнаева панҷ давр давом кард, аммо ӯ бо қарори якдилонаи доварон пирӯзиро ба даст овард.
Гуфта мешавад, Шоира Зулқайнарова дар вазни 63 кило баромад карда, ҳарифонаш дар даври дуюм Ҳадунг Ҷионг аз Корея мебошад. Муштзании онҳо 15 май сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чаҳор нафар намояндагӣ мекунанд, ки то кунун Сумая Қосимова дар даври аввал аз Севда Асенова, намояндаи Булғористон ва Миҷгона Самадова дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.
Намояндаи дигари кишвар Руҳафзо Ҳақназарова бошад, дар вазни 50 кило имрӯз – 12 май бо ҳарифи боливиягиаш Айда Санталла вориди муштзанӣ мешавад.