Расонаҳо: Тоҷикистон содироти ангишт ба Покистонро тавассути Афғонистон боз барқарор кард

© Sputnik / Амир ИсаевДобыча угля в Таджикистане, архивное фото
Добыча угля в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2022
Обуна шудан
Қатъи муваққати содироти ангишт ба сабаби мушкилоти логистикӣ сурат гирифта буд. Аммо ҳоло рӯзе чандсад тонна зуғолсанг ба Афғонистон ворид мешавад
ДУШАНБЕ, 27 август — Sputnik. Тоҷикистон содироти ангиштро ба Покистон тавассути қаламрави Афғонистон пас аз танаффус аз сар гирифт.
Дар ин бора шабакаи телевизионии "Ariana News" бо такя ба хадамоти гумруки Афғонистон дар Шерхон Бандар (вилояти Қундуз) хабар додааст.
Тибқи иттилои гумруки Шерхон-Бандар, ҳамасола аз Тоҷикистон 100-120 мошин бо ангиштсанг аз ин шаҳр убур мешавад.
"Ҳамлу нақл аз сар гирифта шуд, мо аз воридкунандагон талаб мекунем, ки маълумотро дар бораи арзиши бор ва санадҳои транзитӣ барои он пешниҳод намоянд", - гуфтааст Муҷоҳид Муҷоҳидзода, раиси гумрук.
Содироти ангишт аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Шерхон Бандар ва Бандар Ғуломхон (музофоти Хуст) дар марзи Афғонистону Покистон пас аз танаффус аз сар гирифта шуд.
Добыча угля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Афзоиши беш аз 13-дарсадии истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон
Микдори ангишти кашондашуда дар як шабонаруз чандсад тоннаро ташкил медихад.
Таъкид шудааст, ки танаффус дар содироти ангишт аз Тоҷикистон ба Покистон ба сабаби мушкилоти логистикӣ сурат гирифта аст.
Қаблан Исматулло Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Покистон гуфта буд, ки манофеи муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон марбут аст.
Ба гуфтаи вай, Афғонистон пайвандгар миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аст ва ҳамкорӣ бо ин кишвар бидуни мусолиҳа ғайриимкон аст.
Лентаи хабарҳо
0