https://sputnik.tj/20220827/imzoi-15-sanadi-navi-hamkori-dar-hamoishi-iqtisodii-kulob-1050976765.html
Имзои 15 санади нави ҳамкорӣ дар ҳамоиши иқтисодии Кӯлоб
Имзои 15 санади нави ҳамкорӣ дар ҳамоиши иқтисодии Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” 15 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 3,5 миллиард сомонӣ ба имзо расидааст
2022-08-27T13:40+0500
2022-08-27T13:40+0500
2022-08-29T17:44+0500
дар тоҷикистон
форум
иқтисод
сармоягузорӣ
кӯлоб
маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/73/1030027326_0:5:1201:680_1920x0_80_0_0_0d0f93c73044ed6a7ac1c906817f34f6.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” 15 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайраҳо ба имзо расид, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.Дар Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” беш аз 300 нафар иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Туркия, Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок карданд.Нимаи дуюми рӯз кори форум дар 3 панел, аз ҷумла “Рушди соҳаҳои саноат дар вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа дар вилояти Хатлон” ва “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ заминаи устувори рушди иқтисодиёти минтақа” идома меёбад.Ҳамчунин дар форум навори видеоӣ дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуда, иштирокчиён аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва МОИ “Кӯлоб” боздид ва шиносоӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20220827/forumi-baynulmilalii-sarmoyaguzorii-tojikiston-rusiya-1050973417.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/73/1030027326_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_e4ae9f7fdcdc11332728aca8a692ab4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯлоб, форум, имзо, санад, маблағ, миллиард, сомонӣ
тоҷикистон, кӯлоб, форум, имзо, санад, маблағ, миллиард, сомонӣ
Имзои 15 санади нави ҳамкорӣ дар ҳамоиши иқтисодии Кӯлоб
13:40 27.08.2022 (Навсозишуда: 17:44 29.08.2022) Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” 15 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 3,5 миллиард сомонӣ ба имзо расидааст
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” 15 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайраҳо ба имзо расид, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Дар Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” беш аз 300 нафар иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Туркия, Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок карданд.
Нимаи дуюми рӯз кори форум дар 3 панел, аз ҷумла “Рушди соҳаҳои саноат дар вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа дар вилояти Хатлон” ва “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ заминаи устувори рушди иқтисодиёти минтақа” идома меёбад.
Ҳамчунин дар форум навори видеоӣ дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуда, иштирокчиён аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва МОИ “Кӯлоб” боздид ва шиносоӣ намуданд.