Путин барои Ғарб буҳрони муҳоҷиратӣ пешгӯӣ кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкОбращение президента РФ В. Путина
Обращение президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Пас аз буҳрони озуқаворӣ Аврупо эҳтимол ба мавҷи муҳоҷират дучор шавад, ки бар асари фурӯпошии иқтисоди ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Баъди буҳрони озуқаворӣ ба Ғарб кризиси нав ҳуҷум мекунад. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт.
Ба андешаи ӯ, ҷараёни муҳоҷират аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ метавонад ба Аврупо ворид шавад.
Ба ин кирдорҳои сиёсатдорони Ғарб, ки боиси канда шудани алоқаҳои истеҳсолӣ ва таъминоти моддию техникӣ, афзудани беқурбшавии пул ва паст шудани дараҷаи некӯаҳволии миллионҳо одамон мегардад, мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, ин метавонад ба кишварҳои фақиртарин таъсир расонад ва ба "фоҷиаи гуруснагии оммавӣ” замина гузорад, таъкид кард раҳбари Русия зимни мулоқот.

"Ба дунболи буҳрони ғизоӣ як мавҷи дигари муҳоҷират, аз ҷумла ва пеш аз ҳама ба кишварҳои аврупоӣ хоҳад омад. Бо вуҷуди ин тасмимҳое гирифта мешаванд, ки иқтисоди ҷаҳониро ба буҳрон тела медиҳанд", - гуфт раҳбари Русия.

Қаблан сармоягузори амрикоӣ Адам Таунсенд аз таҳкими қурби рубл дар пасманзари таҳримҳои ИМА ва Аврупо ба ҳайрат афтода буд.
Коршинос қайд кард, ки дар Русия мизони таваррум дар муқоиса бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Тавсеа камтар будааст.
Марш националистов в Варшаве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Медведев: Сиёсати русбадбинии Лаҳистон ба шаҳрвандон "зарба" мезанад
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербинои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0