Ҷалби бонувони кишварҳои арабӣ барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аз сӯйи Арабистони Саудӣ ва ИМА

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкЖенщины в Мельничной колоннаде
Женщины в Мельничной колоннаде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2022
Обуна шудан
Ҳадафи сафари соҳибкорони Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Тоҷикистону пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ ва таҳкими ҳамкорӣ будааст
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ният доранд, дар муддати 6 моҳи оянда бонувони тоҷирро аз ҳавзаи кишварҳои арабӣ барои ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва соҳибкорони тоҷикистонӣ ҷалб намоянд, гуфт намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ Марям Ашшиносӣ дар мулоқот бо Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон.
Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст.
Марям Ашшиносӣ инчунин илова кард, ки сафарҳои омӯзишиву равобити устувори тиҷоратиро ни мехоҳанд ба роҳ монанд.
Роҳбари ҳайати намояндагони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ҳадафи сафари соҳибкорони арабро пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ ва таҳкими ҳамкорӣ арзёбӣ кард.
Торгово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаҳои муштарак бунёд мекунанд
Ин дар ҳолест, ки намояндаи гурӯҳи соҳибкорони араб Ҳаким Ҳалимӣ иброз дошт, ки дар Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб раванди вусъатманди ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдилёбии Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд.
Ба қавли ӯ, ҳайате, ки аз ин ду кишвар ба Хатлонзамин ташриф овардааст, омодаи роҳандозии ҳамкорӣ дар самти бандубаст ва коркарди мева, гӯшт, пиставу меваи хушк, ангишт ва атриёт ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки 26-27 август дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” баргузор мегардад, ки дар он намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ пешкаши меҳмонон мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0