Рӯзи баргузории форуми байналмилалии сармоягузории “Тоҷикистон - Русия” эълон шуд

© Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека Таджикистана
Национальная библиотека Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2022
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагон аз идораву вазратҳо ва 50 ширкати Тоҷикистону Русия форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Форуми байналмилалии сармоягузории “Тоҷикистон - Русия” рӯзи 15 сентябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар форуми мазкур аз ҳар ду ҷониб 50-нафарӣ, аз ҷумла намояндагони ҳукумат, вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршносон ва таҳлилгарон иштирок хоҳанд кард.
Таъкид шудааст, ки аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ имзои созишномаву ёддоштҳо дар бораи ҳамкорӣ байни соҳибкорони кишварҳо дар назар аст.
Кумитаи сармоягузорӣ зикр кардааст, ки дар форуми мазкур ташаббус ва моделҳои нави ҳамкориҳои сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Баргузории форуми сармоягузории Русияву Тоҷикистон дар Душанбе
Ёдрас мешавем, ки масъалаи баргузории форуми мазкур дар дидори ахири роҳбарони Тоҷикистону Русия, ки дар Душанбе сурат гирифт баррасӣ шуда буд.
Русия шарики муҳими стратегии Тоҷикистон ва шарики муҳими тиҷориву иқтисодии кишвар мебошад.
Табодули коло миёни ду кишвар дар панҷ моҳи соли ҷорӣ тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст.
Зиёда аз 80 вилояти Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ғайра доранд.
Бино ба маълумоти Кумитаи сармоягузорӣ, давоми солҳои 2007-2021 ба иқтисоди Тоҷикистон 1 млрд 648 млн доллар сармоягузориҳо аз Русия ворид шудааст, ки 15% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷиии воридшударо ба кишвар дар зарфи ин 14 сол ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0